
Бо мақсади ҳифз ва бехатарии гуногунии биологии вилояти Суғд ва нигоҳдории системаи экологии он аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зист мунтазам корбарӣ карда мешавад. Барои паст намудани таъсири обуҳавои номусоиди фасли зимистон ба олами ҳайвонот амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ҳар сол баргузор мегардад. Имсол низ дар минтақаҳои сербарфи баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Конибодом ва дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Санаи 7.02.2020 бо иштироки сардори раёсат, кормандон ва сохторҳои зертобеъ дар «Дараи сабзи» ноҳияи Шаҳристон ва минтақаи «Қизиқа», сойи «Рўи калон»-и ноҳияи Деваштич корҳои биотехникӣ баргузор гардида, 500 кг картошка, 400 кг резаи гандум, 100 кг намак, 100 кг маккадона, 100 кг сабўс ва 50 банд хошоки дағал пошида шуд.



Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ
Баҳри татбиқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд,
Санаи 6 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ва 


