Д
ар даврони муосир масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муаммоҳои зиёдшавии партов ва ҳалли бартарафсозии саривақтии онҳо рўз аз рўз бештар гардида истодааст. Чуноне, ки дар Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола баён мегардад, ба масъалаҳои ободониву тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда мешавад. Чанде пеш тибқи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, маҳаллаву ҷамоатҳо, аз он ҷумла шоҳроҳҳо, сари вақт баровардани партовҳо 10 адад мотороллери барқӣ харидорӣ карда шуда, ба КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов , Ашт , Деваштич ва Б.Ғафуров супорида шуд.
Кофтани каналҳои нав дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик
Д
ар вилояти Суғд яке аз мавзеъҳои асосии дар шароити табии инкишофёбандаи моҳӣ обанбори Баҳри тоҷик мебошад, ки дар он чанд навъҳои зиёди моҳиҳои гармидӯст сукунат ва инкишоф меёбанд. Дар мавсими тухмгузорӣ ва давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёбанд. Тадбири муҳим ва ояндабин, ки тибқи супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд каналҳои нав ба воситаи техникаҳо кофта, барои ҳаракати моҳиҳои дар болооб мондаи Баҳри тоҷик (кўли Борисовка) дар шаҳри Конибодом имконият фароҳам оварда шуд. Ин мавзеи болооби Баҳри тоҷик давраи аввали баҳор ҷои тухмгузории моҳиҳои дар шароити табии инкишофёбанда, ҳамчунин роҳи ҳаракати моҳиҳо барои дарёфти ғизоӣ табиӣ буда, давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёфтанд. Давоми беш аз як моҳ бо ҷалби техникаҳо тоза кардани каналҳо, ташкили роҳи ҳаракати моҳиҳо идома ёфта, иҷрои кор бо назорату маслиҳати мухассисони сарраёсат, олимону ихтиологҳо анҷом дода мешавад. Ҳоло кофтани каналҳои магистралӣ, пайвасти нуқтаҳои муайян ба обанбори Баҳри тоҷик ба чанд қисмат иҷро шуда, боз корҳо идома доранд.
Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят
Б
о мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби шуъбаҳои маориф гузаронида шудааст. Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Деваштич, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов дар пурсиши мазкур 98 нафар хонандагон ва 12 нафар омӯзгори ҷавон (синну соли аз 18 то 35 сола) иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корбарӣ карда шуд. Соли дуюм аст, ки таҷрибаи мазкур истифода мешавад ва дар пурсиш 11 нафар ҷавонон асосан аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва Конибодом иштирок карда, аз онҳо 7 нафар мард ва 4 зани ҷавон мебошанд. Давоми соли ҷорӣ, соли панҷуми татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 121 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 56 зан ва 65 марди ҷавон фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки сатҳи маърифат ва дониши экологии ҷавононе, ки байни онҳо пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд, дар ҳолати имрӯза аз 60 то 70 фоиз баҳогузорӣ карда мешавад.
23 октябр - Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ
Б
абри барфӣ ё озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Майдони умумии паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон 87 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Дар асл ин 70 % ҳудуди Тоҷикистон ва тақрибан 3% мавзеи муосири ҷаҳонии ин ҳайвони нодир мебошад. Бабри барфӣ ё ирбис як даррандаи калон буда, ин гурбаҳои ваҳшӣ асосан дар кӯҳҳо, дар баландии аз 1500 то 6000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ онҳо ба таври қонунӣ ҳайвони аз ҳама дар баландтарин кӯҳҳо сукунат дошта дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Дар зимистон ирбис ранги хокистарранг дорад, ки ин як падидаи олиҷаноб аст барои ниқобпӯшӣ. Куртаи он хеле ғафс ва мулоим буда, он аз шароити хунук ва шадиди зист муҳофизат мекунад. Дар тобистон куртааш қариб сафед мешавад. Бадани тунук, дароз, чандир, пойҳои нисбатан кӯтоҳ, сари хурд ва қаиқи хеле дароз дорад.
Аксияҳои умумивилоятии “Тозагии маҳал”, “Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил”
Б
о мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон 17 сентябри соли ҷорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баён доштанд, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмин намудани вазъи экологии мусоиди муҳити зист, дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоза нигоҳ доштани манбаҳои об, шоҳроҳҳо, маҳалли зист аз ҳар гуна партовҳо, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳудуди вилоят аксияҳои “Тозагии маҳал”,“Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия сокинони шаҳру ноҳияҳо, аҳолии ҷамоату деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳамагӣ 6320 нафар фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 141 м3, масофаи тозакардашуда 22 800 м2 ташкил дод. Дар доираи баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Исфара 2 ҳолат, ш.Истаравшан, ш.Хуҷанд партовҳои бесоҳиб бо ҷалби техникаҳои коммуналӣ ва борбардор бартараф карда шуд. Рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Сафина ва Синамо ба навор гирифта шуд.
Page 1 of 320






