Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода А.Қ. баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Қодирҷонзода А.Қ. баромад намуда, оиди моҳияти стратегияи мазкур, масъалаҳои сӯиистифода аз мансаб, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта сухан намуда, қайд кард, ки фаъолияти хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ пеш бурда шуда, норозигии аҳолиро ба миён наорад.





Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон, санаи 22.01.2020 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд» вохўрӣ бо хонандагону омўзгорон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори литсейи мазкур баромад намуда, оид ба масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, корҳои аз ҷониби муассиса доир ба ҳифзи муҳити зист иҷро мегардида изҳори ақида намуд.
Б


