Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии заминҳои кишоварзӣ, дар назди соҳили обанбори Қайроққум, воқеъ дар шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Э.Шарифов, деҳаи Маҳрам бо ҷалби техникаҳо чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз гардид. Ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур ҳифзи заминҳои кишоварзӣ мебошад, зеро ҳамасола дар фасли зимистон зиёдшавии оби обанбор ба назар мерасад.Ба нақша гирифта шудааст, ки дар масофаи 150 метр дар ду тарафи соҳили обанбор низ чорабинии соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар сойи Хоҷабоқирғони ноҳияи Б.Ғафуров
Бо икдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо дастгирии Ташкилоти байналхалқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz) ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар сойи Хоҷа Боқирғони ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои Овчикалъача, Ғозиён ва Ёва бо иштироки 420 нафар аҳолии ҷамоатҳо аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия аз ҷониби Ташкилоти байналхалқӣ бо дастпӯшак ва халта барои партовҷамъкунӣ таъмин карда шуданд. Рафти аксия сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, партов ба миқдори 21 м3 ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд.
Амалиёти фаврӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ дар Сирдарё
Бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дардарёи Сир амалиёти фаврӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёт дар мавзеи Қӯштегирмони ноҳияи Спитамен ду нафар қӯруқшикан ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт гардиданд. Сокинони деҳаи Сарбанди ноҳияи Спитамен Ҳайдаров Р. ва Бекназаров И. дар дарёи Сир бо тӯри хитоӣ ғайриқонунӣ моҳиро сайд мекарданд ва нисбати онҳо бо моддаи 208, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб ёфта, ба суди ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон 40 метр тӯр мусодира гардид.
Оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳри Исфара
Дар шаҳри Исфара мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара маъракаи мазкур бо иштироки кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кормандони ҶДММ «Заводи сементбарории шаҳри Исфара» оғоз гардида, дар хиёбони марказӣ ва дигар кӯчаҳои марказии шаҳр беш аз 200 бех ниҳоли дарахтони ороишии каталпа шинонида шуд. Ин мавсим тибқи нақшаи пешбинигардида дар ҳудуди шаҳри Исфара беш аз 4423 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 2000 гули лола шинонида мешавад.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Бобоева Зеварой маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Раёсат Ҳакимзода А.Қ. бо сухани ифтитоҳӣ маҷлисро оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.
Page 169 of 301