November 2022

17 November 2022

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

  Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Б.Ғафуров намоиши мањсулоти кишоварзии вилоят баргузор гардид. Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҷойи муайянгардида дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Корпоратсияи моҳии Тоҷик», ҶДММ «Рахшонаи» ноҳияи Ашт ва дигар хоҷагиҳои моҳипарварӣ намоиши маҳсулоти моҳигӣ ва 5 намуди моҳии зиндаи дар вилоят парваришмегардида ташкил карда шуд.

Читать далее

05 November 2022

Ҳафтаи таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти кори шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Тибқи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва беҳтар намудани фаъолияти корӣ, сайкал додани маҳорату малака тариқи таҷрибаомўзӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти кори шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, нозирони давлатии воҳидҳои сохтори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кўлоб аз санаи 31 октябр то 4 ноябри соли ҷорӣ ба вилояти Суғд сафарбар шудаанд. Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати бо натиҷа гузаштани таҷрибаомўзӣ барнома тартиб доданд, ки давоми ҳафта ҳамкасбон аз вилояти Хатлон ва минтақаи Кўлоб бо як қатор корхонаҳои саноатӣ, обу корезӣ, коммуналӣ, иншооти партовобтозакунӣ ва партовгоҳ, ҳамчунин зерсохторҳои сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и сарраёсат шиносоӣ пайдо намуданд.

Читать далее

Машварати корӣ бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории зич дошта, дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ, ҳамзамон таҳияи лоиҳаҳои хурд бо гурўҳи кории шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои экологӣ машварати корӣ баргузор гардид. Тибқи нақша, дар соли ҷорӣ чунин чорабинӣ се маротиба пешбинӣ гардида, дар рафти кори вохўрии дуюм намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таълимии соҳаи маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи обу корезӣ, кумитаҳои маҳаллӣ ва скинони фаъол иштирок намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.