November 2022

29 November 2022

Чорабиниҳои пешгирии ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Конибодом

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят баргузор намудани амалиёти «Ҳавои тоза» яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ба ҳисоб рафта, чунин амалиётҳо дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол мунтазам гузаронида мешаванд. Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера кормандони шуьбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом, якҷоя бо намояндагони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро дар роҳи нақлиётгарди байни маркази шаҳр ва ҷамоати деҳоти Патар гузарониданд. Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун, ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба ШБДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Амалиётхои назоратӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани ҷойгиронии партовҳо дар ноҳияи Б.Ғафуров

  Ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ яке масъалаҳои мубрами экологӣ ба шумор рафта, ҷиҳати пешгирӣ ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолиятро роҳандозӣ менамоянд. Бо ин мақсад аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ёва, минтақаи сойи Хоҷа - Бақирғон, ҳолати ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ошкор гардид. Аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров Бегматов Эркин бо истифода аз воситаи нақлиёти боркашони шахсии худ, тамғаи «Лабо», партовҳои истеъмолӣ ба наздики сой оварда, партофта шудаст, ки ҳангоми ин рафтори ғайриқонунӣ шаҳрвандро нозирони сарраёсат боздошт кардаанд. Дар натиҷа, нисбати Бегматов Э. Бо моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷаримабандӣ протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон бо мақсади дар ҷояш бартараф намудани ҳолати пайдошавии партовҳои бесоҳиб аз нав ба нақлиёти шаҳрванд бор карда шуд ва ба партовгоҳи расмӣ интиқол гардид. Ҳамчунин, дар рафти амалиёти назоратӣ аз ҷониби нозирони сарраёсат боз як ҳолати ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ошкор карда шуд. Нисбати ин қонунвайронкунӣ низ нисбати 2 нафар шаҳрвандони соҳибони замини, ки бо партовҳо ифлос гардидааст санад ва протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ёфтаанд. Айни ҳол, тибқи супориши иҷроишаш ҳатмии санади мақомоти ҳифзи муҳити зист партовҳои бесоҳиби ҷамъгардида, ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуда истодааст.

Читать далее

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  Санаи 24 ноябри соли 2022, кормандони сарраёсат дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд, ки он ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат бахшида ба ин санаи муҳими сиёсӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х. ва роҳбарияту кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят маҷлис доир гардид. Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани санаи 24 ноябр ва дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишварамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт гаштани боз як санаи таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро ёдоварӣ намуд. Дар навбати худ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х. бобати моҳият ва тартиби истифодаи расмии парчами давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва таърихи парчам ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлис сардори сарраёсат бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба ҳамаи иштирокдорон табрику муборакбод гуфта, ба меҳмон барои ташриф миннатдорӣ баён намуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки бо мақсади баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои таблиғотӣ доир гардидааст.

Читать далее

23 November 2022

Ошкор намудани сайди ғайриқонунии моҳӣ

 Ҳангоми аз ҷониби нозирони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронидани санҷиши фаъолияти моҳидории ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон муайян гардид, ки моҳидори ҷамъияти мазкур Мамадҷонов Мурод, сокини ҷамоати деҳоти Маҳрами шаҳри Конибодом, сайди моҳиро бо тўрҳои майдаи ба талабот номувофиқ гузаронида, дар натиҷа 244 сар моҳии ғайриченак сайд кардааст. Нисбати моҳидор Мамадҷонов М. маводи зарурӣ, аз ҷумла ҳисоби маблағи ба табиат расонидашуда, хулосаи ихтиологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тартиб ёфта, тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда барои чораандешӣ ба Суди шаҳри Конибодом ирсол мегардад. Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврии шабонарўзии назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ва атрофи он, дар минтақаи Маҳрам ҳодисаи хариду фурўши 965 сар моҳии навсайдшуда ошкор гардид, ки ин моҳӣ низ ғайриченак буда, бидуни талабот сайд карда шудааст.

Читать далее

Пешгирии шикори ғайриқонунии парандаҳои хушхон

  Тибқи нақшаи корӣ нозирони шуъбаҳои сарраёсат назорати давлатиро дар самтҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои гуногуни миқёси вилоят амалӣ менамоянд. Бо ин мақсад, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар мавзеи партовгоҳи шаҳри Истиқлол 2 нафар сокини шаҳри Хуҷанд боздошт гардиданд, ки бо шикори ғайриқонунии парандаи хушхон, аз ҷумла саъба машғул буданд. Нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 208, қ.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.

Читать далее

19 November 2022

Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо  истифода аз обу ҳавои мусоид, бахшида ба  30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар шаҳру  ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Спитамен ва Ҷ.Расулов аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд.  Аксияҳои мазкур асосан бо мақсади тоза намудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кўчаҳои протоколӣ ва минтақаи шаҳрии соҳили дарёи Сир аз партовҳо баргузор гардида, дар рафти онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои савдо ва тиҷорат, шаҳрвандон ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, ҳамагӣ беш аз 2 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 5,1 км ҷуйборҳои қадди роҳ, 3 км соҳилҳои обӣ ва зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, дар баробари ин корҳои сафед кардану рангубори қадди роҳҳои пиёдагард ба сомон расонида шудааст. Ба партовгоҳҳо 16,9 метри мукааб партовҳо интиқол гардидааст. Боиси қайд аст, ки дар баробари ин дар шаҳри Исфара бо истифода аз техникаи махсус партовҳои бесоҳиби атрофи партовгоҳи шаҳрӣ бартараф карда шуданд.

Читать далее

Амалиёти назоратӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

   Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз ҷониби нозирони давлатии шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиёти фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Ҳангоми идомаи амалиёт дар минтақаи пойгоҳи обкашии «Маҳрам»-и шаҳри Конибодом аз дохили обанбор беш аз 1 километр тўрҳои лескагии ошкоргардидаи истеҳсоли Ҷумҳурии Чин бардошта шуда, тариқи сўзонидан несту нобуд карда шудаанд. Минбаъд низ назорати давлатӣ баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ роҳандозӣ гардида, корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни моҳидорони ҳаваскор доир карда мешавад.

Читать далее

17 November 2022

Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри  Ҳуҷанд ва дигар сохтору ташкилот ҳамкориро амалӣ намуда истодааст. Баҳри иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом тренинги дурўза барои намояндагони соҳаи маориф, омўзгорони фанни экология ва вобаста ба табиатшиносӣ гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки бо мақсади омўзонидани маълумоти нав ва равандҳои инноватсионӣ дар таҳияи лоиҳаҳо, ки ба рушди минбаъдаи ҷаҳонбинӣ нигаронида шудааст, як қатор коршиносон ва экспертҳои даъватгардида баромаду презентатсия пешкаш карда, бо иштирокдорон «мастер - класс» баргузор намуданд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба омӯзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр оид ба «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология», дар баробари ин дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ»,  «Муаммоҳои партовҳои пластикӣ ва роҳҳои кам намудани онҳо» ва дигар мавзўъҳои муҳим презентатсия, баромад ва маълумот пешниҳод гардид.

Читать далее

Ҷаласаи сайёри Кумита дар Маркази бозомӯзии ш.Гулистон

   Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон  ҷаласаи сайёри Кумита бо иштироки  муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А., сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Н., сардори Раёсати корҳо, коргузорӣ ва назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Ҷаласаи сайёр рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 626 аз 2.11.2022 сол  «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», № 279 аз 2.06.2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усулҳои ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ», № 280 аз 2.06.2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Читать далее

Маҷлиси тантанавӣ дар шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент

  Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи  ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент  ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандону ва шахсони даъват гардида маҷлиси тантанавӣ доиргардид. Аз ҷониби сардори шуъба Истамзода А.И. бо суханони ифтитоҳӣ ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида шуд. Ҳамзамон оид ба ин ҷашнҳо сардори шуъба баромад карда, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.