11 November 2023
Ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 10 ноябри соли 2023, дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» ҷаласаи сайёри мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Шерализода Б.А. ва муовини якум Қиёмзода З.С., муовини Раиси вилоят, сарпарасти соҳа Зариф Мирдадо, инчунин сардорон, муовинон ва сармутахассони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони сарраёсатҳо дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, раёсати минтақаи Кӯлоб, шуъба ва бахшҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, муассисаи давлатӣ ва марказҳои Кумита, кормандони сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа се масъала мавриди баррасӣқарор дода шуд: 1) доир ба ҳолати иншоотҳои партовобтозакунии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд; 2) оид ба баррасии натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд; 3) фаъолияти мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ.