20 November 2023

Аксияи экологӣ бо иштироки волонтёрон ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бо иштироки 40 нафар волонтёрон дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузарониданд. Дар оғози аксияи мазкур 120 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ ва 40 адад дастпушак ба иштирокдорон тақсим гардида, дар натиҷа 5,5 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаи махсуси муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки пеш аз гузаронидани аксия тарики радиои маҳалии «Парвин FM»  ба тамоми сокинони шаҳр оид ба баргузории чорабинии мазкур баромаду эълон карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва минбаъд ҷалби оммаи васеи сокинон ба гузаронидани аксияҳои экологӣ рафти корҳои иҷрошуда аз ҷониби намояндагони телевизиони марказии шабакаи «Тоҷикистон» наворбардорӣ гардид ва дар барномаи иттилоотӣ пахш карда мешавад.

Читать далее

Намоишгоҳи расмҳо - "Ҷаҳони пластикӣ"

  Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд намоишгоҳи расмҳо дар толори «Маркази Амрикоии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкур дар натиҷаи ҳамкории семоҳаи сарраёсат, ташкилоти ҷамъиятӣ ва аксбардор Ҳошимов Ш. ба амал омада, дараҷаи афзоиши ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ, инчунин сатҳи нокифояи огоҳии аҳолӣ дар робита ба ин мушкилот боиси эҷоди аксҳо ва баргузории худи намоишгоҳ гардидааст. Аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ ва аксбардор кӯшиш карда шуд, ки тавассути камераи аксбардорӣ таъсири зараровари миқдори зиёди партовҳои пластикӣ ба ҳаёти инсон ва муҳити зист инъикос ёбад. Боиси қайд аст, ки Ҳошимов Шавкат хатмкунандаи барномаи магистр дар соҳаи аксбардории касбии Институти тарроҳии Аврупо (Мадрид, Испания), финалисти дукаратаи ниҳоии озмуни аксҳои HIPA Award (Дубай, АМА), ғолиби озмуни 4-уми байналмилалии аксҳои «Модар ва кӯдакон дар либоси миллӣ» (Маскав, Федератсияи Русия) мебошад. Дар соли 2024 ташкили чунин намоишгоҳ бо зиёд ва васеъ намудани аксҳои намоишӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон, шаҳри Душанбе дар нақшаи ҳамкории сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд

 Кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва камнамудани ихроҷи моддаҳои зараровар аз нақлиёт дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавоитоза»-ро баргузор менамоянд. Тибқи нақшаи корӣ, бо иштироки нозирони давлатии бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи марказии шаҳри Конибодом амалиёти мазкур доир гардида, дар рафти он 35 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Ҳангоми санҷиш миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардида, барои ихроҷи барзиёд ва вайрон намудани меъёри стандартҳои давлатии амалкунанда, нисбати 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта барои чораандешии минбаъда ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.