10 July 2024
Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» - 2024» баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ бо иштироки аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 2 шаҳри Ҷумҳурии Ўзбекистон чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» - 2024» серӯза баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз ҷониби Консорсиуми Ҳелветас (ACTED) бо дастгирии молиявии ташкилоти SDC амалӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. Мутобиқи барнома аз ҷониби роҳбалади ботаҷриба барои иштирокчиён саёҳат ба шаршара ва моркӯл, дарсҳои амалӣ оид ба пайдо намудани маҳорати сохтани хаймаҳо (палатка) ва рафтори дурусти сайёҳӣ ташкил гардида, ҳамчунин ҷавонон бо сохтани макети ҳавзаи дарёи Сир, ки онҳоро муттаҳид мекард, машғул шудаанд.