19 October 2024

Назорати татбиқи Барномаи давлатӣ ва таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳо

 Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Дар натиҷа маводи ҷойдоштаи ҳамаи сохторҳои дахлдори ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» санҷида шуд. Ҳамзамон, дар доираи талаботи нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» бо иштироки омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист,дар бораи мақсади Барномаи давлатӣ, масъалаҳои зарурияти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, муаммоҳои экологӣ, чораҷӯиҳои Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири манфии партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ сармутахассиси сарраёсат изҳориақида намуд. Дар интиҳо ба китобхонаи литсейи мазкур 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» аз номи сарраёсат тақдим гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.