12 December 2024

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода

 Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист,  татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд  аз 1.11.2024 сол, № 296  бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси ноҳияи Шаҳристон  Баҳодур Акрамзода, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., шахсони масъул ва аҳли ҷамоатчигӣ дар минтақаи Дараи сабз (ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист) маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ниҳолхона 4 бех арчаи ҳамешасабз санавбари крими (крымская сосна), шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ҳамагӣ 610 бех арчаи ҳамешасабзи сановбар шинонида шуд.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Деваштич

 Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизор-кунӣ, баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 дар бораи барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд ноҳияи Деваштич ниҳолҳои сада ба миқдори 1000 бех шинонида шуда, ҳамзамон хатти ҷангал барқарор  гардид. Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар соли 2025 дар ноҳия ниҳолҳои дарахту буттаҳои ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда ба миқдори 50 ҳазор бех шинонида мешавад.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан

 Баҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд  аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист  дар шаҳри Истаравшан дар шоҳроҳи Душанбе Чаноқ ҷамоати деҳоти Зарҳалол шаҳраки Баҳористон 250 бех ниҳолҳои арчаи сановбар шинонида шуд. Ниҳолҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи биогумус шинонида шуда, дар дигар минтақаҳои шаҳр низ  амалӣ карда мешавад.

Читать далее

Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ байни ҷавонон

  Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» ҳангоми баргузории вохӯрӣ бо хонандагон гузаронида шуд. Дар пурсиши мазкур 34 нафар хонандагон, мардҳои синну соли аз 18 то 35 сола иштирок намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» идома ёфта, аз ҷониби ташкилоти мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин самт корбарӣ карда шуд. Дар натиҷа 19 саволнома асосан дар шаҳри Хуҷанд қабул гардида, дар пурсиш 12 зан ва 7 марди ҷавон иштирок кардаанд. Дар давоми соли чоруми иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ 53 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 12 зан ва 41 марди ҷавон фаро гирифта шуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.