04 March 2025
Ҷаласаи назоратӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар сарраёсати ҳифзимуҳитизисти вилоятиСуғд ҷаласаи навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарияти сарраёсат, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзимуҳитизист дар шаҳруноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2040», иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2021, № 626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» дар шаҳру ноҳияҳо, натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар моҳи феврал ва натиҷаи санҷиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти сарраёсат ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Деваштич, Истаравшан, Гулистон, Зафаробод, Панҷакент ва Айнӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Пас аз шунидани баромади таҳлилӣ аз тарафи сардори Сарраёсат Холзода С.Х. вобаста ба масъалаҳои болозикр, аз он ҷумла барои иҷрои пурраи нақшаҳои ташкили ниҳолхонаю шинонидани ниҳолҳо дар ҳамҷоягӣ бо дигар сохторҳо, пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунандаи маҳаллӣ оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои бесоҳиб, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият то ҷамъбасти семоҳаи якум супоришҳо дода шуд.