28 October 2025

Гузаронидани пурсиши сотсиологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят

  Бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши ҷавонон нисбат ба масъалаҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва сатҳи фарҳанги экологӣ пурсиши сотсиологӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби шуъбаҳои маориф гузаронида шудааст. Тибқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Деваштич, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов дар пурсиши мазкур 98 нафар хонандагон ва 12 нафар омӯзгори ҷавон (синну соли аз 18 то 35 сола) иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати гузаронидани пурсиши сотсиологӣ корбарӣ карда шуд. Соли дуюм аст, ки таҷрибаи мазкур истифода мешавад ва дар пурсиш 11 нафар ҷавонон асосан аз шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва Конибодом иштирок карда, аз онҳо 7 нафар мард ва 4 зани ҷавон мебошанд. Давоми соли ҷорӣ, соли панҷуми татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои арзёбии миёнмуҳлат ҳангоми гузаронидани пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 121 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 56 зан ва 65 марди ҷавон  фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки сатҳи маърифат ва дониши экологии ҷавононе, ки байни онҳо пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд, дар ҳолати имрӯза аз 60 то 70 фоиз баҳогузорӣ карда мешавад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.