29 October 2025

Кофтани каналҳои нав дар болооби обанбори Баҳри Тоҷик

  Дар вилояти Суғд яке аз мавзеъҳои асосии дар шароити табии инкишофёбандаи моҳӣ обанбори Баҳри тоҷик мебошад, ки дар он чанд навъҳои зиёди моҳиҳои гармидӯст сукунат  ва инкишоф меёбанд. Дар мавсими тухмгузорӣ ва давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёбанд. Тадбири муҳим ва ояндабин, ки тибқи супориши  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ  аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд каналҳои нав ба воситаи техникаҳо кофта, барои ҳаракати моҳиҳои дар болооб мондаи  Баҳри тоҷик (кўли Борисовка) дар шаҳри Конибодом  имконият фароҳам оварда шуд. Ин мавзеи болооби Баҳри тоҷик давраи аввали баҳор ҷои тухмгузории моҳиҳои дар шароити табии инкишофёбанда, ҳамчунин роҳи ҳаракати моҳиҳо барои дарёфти ғизоӣ табиӣ буда, давраи тирамоҳу зимистон дар баъзе маврид паст гардидани сатҳи оби болооби обанбор моҳичаҳо дар болооб монда талаф меёфтанд. Давоми беш аз як моҳ бо ҷалби техникаҳо тоза кардани каналҳо, ташкили роҳи ҳаракати моҳиҳо идома ёфта, иҷрои кор бо назорату маслиҳати мухассисони сарраёсат, олимону  ихтиологҳо анҷом дода мешавад. Ҳоло кофтани каналҳои магистралӣ, пайвасти нуқтаҳои муайян ба обанбори Баҳри тоҷик ба чанд қисмат иҷро шуда, боз корҳо идома доранд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.