16 January 2026

Тадбирҳо баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар шаҳри Конибодом

  Баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом вохӯрии муовини раиси шаҳр, мудири бахши ҳифзи муҳити зист ва сардори КДФ «Хаҷагии манзилию коммуналӣ» бо раисони Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар толори хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ ба амал омада, ҳамчунин дар рафти чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба тартибу танзим даровардани ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истеъмолии аҳолӣ ва фаъолона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ муҳокима карда шуд. Минбаъд, тибқи нақшаи пешбинигардида иқдоми мазкур идома ёфта, барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва атроф тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Читать далее

Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд

  Тибқи нақшаи пешбинигардидаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» ташкил ва гузаронида шуд. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон мутахассинони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат дар минтақаи Лаккони шаҳри Исфара ва минтақаи Шӯркӯли болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» корҳои биотехникӣ гузаронида, 500 кг-мӣ резаи гандум, резаи ҷав, намак ва сабӯс, 50 кг резаи ҷуворимакка, 50 бандӣ бастаи каҳ ва беда, дар маҷмуъ таъмини ҳаҷми хӯроки иловагӣ 4050 кг-ро ташкил намуд. Ҳамчунин, аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазарви тоҷикӣ, бургут, каргас, оху ва дигар намудҳои олами ҳайвонот, инчунин дохили Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешаванд. Дар рафти корҳои биотехникӣ 50 кг-мӣ гандум ва ҷав, 20 кг намак, 30 кг-мӣ сабӯс ва каштан, 10 бандӣ бастаи каҳ ва беда, ҳамагӣ 580 кг хӯроки иловагӣ дар ин минтақа пошида шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.