20 June 2026

Баргузории аксияҳои экологӣ бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар ноҳияи Ашт

  Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ – экологии минтақаҳои аҳолинишин идома меёбад. Дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия бо мақсади тоза намудани Ашт-сой бо иштироки беш аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва сокинони деҳа аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Рафти чорабинӣ 3 км дохили сой аз партовҳои гуногун тоза гардида, ҳамагӣ 4,6 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва интиқол дода шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт 4 адад лавҳаи огоҳикунанда бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ду шафати роҳи нақлиётгард бо партовҳо, инчунин баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ насб гардидааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.