October 2026

31 October 2026

Барномаи мустақим «Саводи экологӣ, аҳамият ва ояндаи он» дар радио «Пайванд»

  Дар радиостансияи «Пайванд» (100.6 FM), бинои ШТР «СМ-1» дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки самутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барномаи мустақими 15-уми охирон аз силсила барномаҳое, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии шабакаҳои маҳаллии сулҳсозӣ бо дарназардошти омилҳои иқлимӣ» оѓоз аз моҳи майи соли 2026 ташкил гардида буд, баргузор гардид. Маврид ба қайд аст, ки барномаи мустақим ба мавзӯи «Саводи экологӣ, аҳамият ва ояндаи он» бахшида шуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ ба амал омад. Давоми 40 дақиқаи барномаи мазкур байни намояндаи радио ва сармутахассиси сарраёсат тавассути саволу ҷавоб масъалаҳои марбут ба саводи муҳитшиносӣ ва муносибати инсон, шаҳрвандон ба муҳити зист муҳокима гардид. Ҳамзамон, рафти барнома дар бораи одобу маданияти экологӣ, ки ин як ҷузъи асосии саводи экологӣ аст, чӣ гуна будани фаъолияти инсон дар шароити тағйирёбии иқлим, оид ба қабули «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030» ва «Кодекси экологииҶумҳурии Тоҷикистон», инчунин вобаста ба рушди тарбия ва донишҳои экологӣ дар оила, муассисаҳои таълимию томактабӣ ва дигар масъалаҳо доир ба мушкилотҳои глобалии экологии замони муосир сӯҳбат карда шуд.

Читать далее

Чорабиниҳои омўзишиву иттилооотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади баланд бардоштани огоҳии хонандагон ва таҳкими донишҳои онҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд санаҳои 24 то 27 октябри соли 2026 дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд, байни хонандагони синфҳои 7 - 9 семинари омӯзишиву иттилоотӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба раванди банақшагирии миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ гардида, дар он ҳамоҳангсози Лоиҳаи нақшаи миллии мутобиқшавӣ Орзу Одинаев ва намояндаи сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок доштанд. Ҷараёни чорабинӣ ба хонандагон оид ба иқлим, сабабу омилҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба он ва пайомадҳои он, роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири он ба муҳити зист ва инсон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои замони муосир дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, таъсири он ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, саломатии инсон ва вазъи умумии муҳити зист торафт бештар эҳсос мегардад.

Читать далее

26 October 2026

23 октябр - Рӯзи байналмилалии Бабри барфӣ

  Соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 октябрро Рӯзи байналмилалии Бабри барфӣ эълон кард, то ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ҷиҳати дастгирии талошҳо барои ҳифзи Бабри барфӣ бо назардошти нақши он дар экосистемаи ҷаҳонӣ тақвият диҳад.Бабри барфӣ ё озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Майдони умумии паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон 87 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Дар асл ин 70 % ҳудуди Тоҷикистон ва тақрибан 3% мавзеи муосири ҷаҳонии ин ҳайвони нодир мебошад. Бабри барфӣ ё ирбис як даррандаи калон буда, ин гурбаҳои ваҳшӣ асосан дар кӯҳҳо, дар баландии аз 3500 то 6000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ онҳо ба таври қонунӣ ҳайвони аз ҳама дар баландтарин кӯҳҳо сукунат дошта дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро Бабри барфӣ ном мебаранд. Дар зимистон Бабри барфӣ ранги хокистарранг дорад, ки ин як падидаи олиҷаноб аст барои ниқобпӯшӣ. Пусти он хеле ғафс ва мулоим буда, он аз шароити хунук ва шадиди зист муҳофизат мекунад. Гарчанде, ки онҳо дар баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунанд дар гирифтани ғизо мушкиле надоранд. Истеъмоли асосии Бабри барфӣ гӯсфандони кӯҳӣ, бузҳо, аммо онҳо низ метавонанд аз парандагон ва ҳайвоноти хурд, ки дар кӯҳҳо пайдо мешаванд ғизо гиранд.

Читать далее

Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид

  21 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Кодекси мазкур аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидаанд. Кодекси экологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ равона гардидааст. Қабули чунин санад барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва муайян намудани асосҳои танзими фаъолияти вобаста ба ҳифзи табиат аҳаммияти муҳим дорад. Масъалаҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҳифзи захираҳои обу замин, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ аз самтҳои муҳими рушди қонунгузории экологӣ ба шумор мераванд. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист, такмили механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи табиат ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони захираҳои табиӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Татбиқи муқаррароти Кодекси экологӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ метавонад ба беҳтар гардидани низоми ҳифзи муҳити зист, таҳкими назорати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат намояд.

Читать далее

21 October 2026

Семинар-тренинг оид ба таҳияи Барномаи маърифати экологӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаҳои 19-20 октябр  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалии мутахассисон дар самти таҳия, банақшагирӣ, татбиқ ва мониторинги барномаҳои маҳаллӣ оид ба маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва ташаккули фарҳанги экологии аҳолӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  ва дастгирии  Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе семинар-тренинг баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулрухсор Тиллоӣ, намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳринисо Нарзулоева, масъулон аз раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД вилоят,  Раёсати тандурустӣ ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, рўзномаҳои вилоятӣ, телевизиони 7 Ситора, омўзгорон ва донишҷуёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ,  Ташкилоти ҷамъиятии “Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, роҳбарон ва намояндагони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо  иштирок доштанд.

Читать далее

06 October 2026

Форуми IV-уми минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

  Санаи 1 октябри соли 2026 дар толорҳои Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми IV-уми минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026» бо мақсади баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Дар форум 170 нафар, аз ҷумла намояндагони ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, омӯзгорон, коршиносон, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои манфиатдор иштирок доштанд. Рафти чорабинии мазкур иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҷавонон ва иштироки амалии онҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ зоҳир гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.