Все статьи
08 June 2017
Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бахшида баРӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» — солҳои 2018-2028 бо иқдоми рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт», дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят дар Муассисаи таълимии гим-назияи № 13-уми шаҳри Хуҷанд Фестивали кушоди мактабии журналистикаи экологии вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани фестивал ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии онҳо, гузоштани саҳми арзанда дар тозагиву ободии кишварамон, поку беолоиш нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ буд. Кори Фестивалро - сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Амалиёт барои ҳаёт» Зокиров И. ифтитоҳ намуд. Дар оғози фестивал оид ба об ва хусусиятҳои он, сарфакорона истифода намудани он байни иштирокчиён-хонандагони синфи 7-уми гимназияи рақами 13 бозии викторина гузаронида шуд.
06 June 2017
Ифтитоҳи бинои нави бахши ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 3 июни соли равон ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд. Бинои мазкур бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва худи бахши ноҳияи Ашт дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, аз ду ошёна, 6 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.
31 May 2017
Аксияи “Тозагии маҳал”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ», бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи «Тозагии маҳал»-ро гузаронид.
Дар рафти аксия 17231 нафар аҳолӣ иштирок дошта, 34900 м ҷӯйбору латокҳо , 30006 м2 ҳудуди маҳалхо, 31050 км қадди роҳҳо тоза тоза, 500 м2 биноҳо сафед, , 750 м соҳилҳои обӣ, дарё ва сойҳо тоза, 1200 бех дарахтон шинонида, 5000 м каналу заҳбурҳо тоза, 550 адад дарахтон сафед, 1060 м майдонҳо аз алафаҳо тоза, 317,5 м3 партовҳо бароварда ба партовгоҳҳо бароварда шуд.
Ҷамъбасти аксияи «Тозагии соҳил-2017» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри амалӣ намудани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2017 таҳти №41 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2017», Қарори Раиси вилояти Суғд аз 02.02.2017 сол таҳти №36 «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар қаламрави вилоят ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз санаи 10.02.2017 сол таҳти №19 аз санаҳои 22-апрел то 27- майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аксияи «Тозагии соҳил-2017» гузаронида шуд.
27 April 2017
Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ба ифтихори 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Замин пайванди инсон ва табиат» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Сарраёсати кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, коршиносону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Конфронс бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров санаи 24 апрели соли равон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки устодон аз факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии об, таъсири фаъолияти одам ба гидросфера, ҳифзи оби тоза – ҳифзи зиндагонист, об ҳамчун неъмати табиат ва роҳҳои пешгирӣ намудани ифлосшавии оби тоза баромадҳо намуданд.
18 April 2017
Мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» , 15 апрел – Рӯзи байналмилалии маърифати экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст” бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар рафти чорабинӣ оиди тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо, масъалаҳои ҳалталаби экологии вилояти Суғд баромадҳо шунида шуданд.
13 April 2017
Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри иҷрои Қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 120 рӯзи меҳнати зарбдор», бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо ҷалби оммаи васеъ санаи 8 апрели соли равон аксияи «Тозагии соҳил»-ро доир намуд.
Дар аксия донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат, литсейи касби-техникии № 44 ва № 56, коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, кормандони Маркази дилшиносӣ ва ҷарроҳии дил ва беморхонаи физиотерапев-тии ҷумҳуриявӣ, кӯдакистони Президентӣ, сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои 1-Май, Сайҳун, Сирдарё ва соҳибкорон ҳамагӣ 2578 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарёи Сир, аз кӯпруки ҷашнӣ то кумитаи маҳаллаи Раззоқ аз партовҳо, алафҳои худрӯйи хушкшуда, тоза карда шуда ба ҳаҷми 38 м3 партовҳо аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2017
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семохаи якуми соли 2017 ва вазифахои минбаъда бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва мудири шуъбаи кишоварзии МИХД вилоят Фирдавс Абдуллозода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т. бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти макомоти хифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин,муомилот бо партовҳо ва маърифати экологӣ соли сипарӣ натиҷаҳои хубро муваффақ гардиданд.
Конфронси илмӣ-адабии «Об манбаи ҳаёт»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News

Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, баҳри татбиқи талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, дар муассисаи таълимии щайридавлатии гимназияи «Нур» конфронси илмӣ адабӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» доир гардид. Дар он намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, хонандагон ва устодони гимназия иштирок доштанд. Дар рафти конфронс хонандагон оиди ҳифз, тоза нигоҳ доштан ва самаранок истифодабарии об, масъалаҳои партов ва коркарди онҳо, сабаб ва оқибатҳои тащйирёбии иқлим ва дигар муаммоҳои экологӣ баромадҳо намуданд. Ҳамзамон намояндагони Раёсат ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 сухан намуданд.


