Все статьи
22 August 2019
Амалиёти “Ҳавои тоза”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳамҷоя бо кормандони БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров гузарониданд. Дар рафти амалиёт 67 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.
Амалиёти назоратӣ дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар натиҷаи амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар дохили захбури дохили махаллаи ҷамоати деҳоти Оббурдон худсарона шинонидани ниҳолҳо ошкор гардид, ки заҳбур ба партовгоҳ табдил ёфта буд. Дар натиҷаи доданиамрнома ва санад минтақаи мазкур аз партовҳо тоза карда шуда, ниҳолҳои дарахтон решакан карда шуданд. Минтақаи мазкур зери назорати доимии кормандони бахш қарор дошта, ҳангоми иҷро накардани пешниҳодҳои додашуда нисбати қонуншиканон тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда чораҷўӣ карда мешавад.
Амалиётҳои назоратӣ дар н.Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади иҷрои нақшаи корӣ аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар минтақаи Сомғори ноҳияи Б.Гафуров амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёти мазкур нисбати истиқоматкундаи ҷамоати деҳоти Исмоил, ҷамоати деҳоти Сомғар-и н.Б.Ғафуров барои истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум бо моддаи 238 Кодекси ҳукуквайронкунии маьмурӣ протокол тартиб дода шуд. Маводи тартиб додашуда ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод карда шуд.
15 August 2019
Ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти н.Зафаробод, ба истиқболи 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод ҳашарҳои умуминоҳиявӣ гузаронида шуда истодааст. Рузи шанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки зиёда аз 560 нафар намояндагони корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ дар ҳудуди маҳаллаҳо, кучаю хиёбонҳо, назди корхонаву ташкилотҳо ҳашари умуминоҳиявӣ гузаронида шуд. Рафти ҳашар ҷуйборҳо ба масофаи 5920 м2, каналҳо – 2700 м, биною иншоотҳо ба масоҳати 450 м2 сафед карда шуда, инчунин ҷойҳои партовҷамъкунии муваққатӣ аз партовҳо тоза ва таъмир карда шуд. Ҳашари умуминоҳиявӣ даршаҳраку деҳотҳои ноҳия идома дорад.
01 August 2019
Эълон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
ЭЪЛОН
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳафои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – сеюм
2. Сармутахассис оид ба кадри Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – панҷум
3. Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – панҷум
4. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд – панҷум
5. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан – шашум
6. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – шашум
7. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом – ҳафтум
Семинари ноҳиявӣ дар мавзуи «Баррасии нақшаи идоракунии муҳити зист ва ҷиҳатҳои иҷтимоии он барои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ дар ноҳияи Шаҳристон»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 30-31 июли соли равон дар толори идораи чамоати деҳоти И.Сомонии н.Шаҳристон бо иқдоми Ташкилоти ҷамъиятии «Накукор» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинар намояндагони Ассотсиатсияхои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, раёсати кумитаи холатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ, бахши хифзи мухити зисти ноҳия, кишоварзӣ ва ҷамоатҳо иштирок доштанд. Роҳбари лоиҳаи Ташкилоти ҷамъятии «Накукор» Т.Носирова, оид ба конун ва зерконунҳо оид ба хифзи мухити зист, истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдоиши партовҳои сахт хангоми гузаронидани корҳои таъмир ва баркарорсозии шабакаҳои обрасонӣ, усулҳои барҳамдиҳии онҳо ва экспертони лоиха оид ба интихоби речаи обери зироатхои кишоварзӣ ва тартиб додани накшаи истифодабарии об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мавзуҳо баромадҳо пешниҳод намуданд.
Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якчоя бо мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов дар ҷамоатҳои шаҳру деҳотҳои Меҳробод, Деҳмой ва Ғулакандоз амалиётҳои назоратӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёти мазкур ҷойгиронии партовҳои ғайрирасмӣ, ифлоскунии манбаъҳои обӣ аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ошкор гардида, нисбати қонуншиканон – истиқоматкунандагони шаҳраку ҷамоатҳо 7 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Маводҳои тартиб додашуда барои баррасӣ ва чораҷуӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов пешниҳод карда шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои истироҳатии Охтангии н.Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон минтақаи истироҳатии Роҳи Оҳан, ки ба муассисаи хочагии ҷангали ноҳия тааллуқ дорад, ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор карда шуд. Шахсони масъул бе мувофиқа бо мақомотҳои ҳифзи муҳити зист ва маркази назорати давлатии эпидемиологӣ худсарона партовҳои аз истироҳаткунандагон ҳосилшударо ба чуқуриҳои кофташуда ҷойгир карда, бобати пешгирии оқибатҳои таъсири зараровар ба муҳити зист чораҷуӣ накарданд.
Нисбати шахсони масъул санад ва протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои оғози парвандаи ҳукуквайронкунии маъмурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти н.Шаҳристон пешниҳод карда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити зист, бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар микроноҳияҳои 32, 33, 34 маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия кормандони муассисаҳои таълими, сокинони махалла ва соҳибкорон иштирок намуда, тақрибан 1,5 – 2 км роҳи пиёдагардон ва ҷуйборҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 5,3 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Бахшида ба идҳои миллии дар пеш истода баргузории аксияи мазкур дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ ба нақша гирифта шудааст.
Ошкор гардидани фурӯши ғайриқонунии мор дар н.Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ санаҳои 26 ва 27 и юли соли равон дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фурӯши ғайриқонунии мор (мори печони шарқи), ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст, ҳангоми фуруши ғайриқонунӣ аз тарафи сокини ноҳияи Деваштич ошкор гардид. Нисбати қонуншикан Шарипов Отабек Олимович, ки сокини ноҳияи Деваштич, чамоати дехоти Яхтан, дехаи Хоча Тохир мебошад, санад ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи замимаи №9 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №790 барои як сари он 6 ҳадди аққал яъне 330 сомонӣ барои 3 сар 990 сомонӣ зарар ҳисоб карда шуд. Морҳои мусодиракардашуда ба муҳити табиӣ сар дода шуд.


