Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 329 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 6, моддаи 294) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 226 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 360) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мавзўи танзими Қонуни мазкур

Қонуни мазкур намудҳои дигари пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст, супорандагон, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти онҳоро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- дигар пардохтҳои ҳатмӣ- пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ (минбаъд- буҷет), ки онҳо яке аз шартҳои нисбати супорандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, инчунин пешниҳоди ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозат барои истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда мебошад;

-хироҷ – пардохти ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, ки барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ситонида мешавад;

-пардохт- пардохти ҳатмӣ, ки барои иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда ситонида мешавад;

-супорандагон- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ўҳдадорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет гузошта шудааст;

-мақомоти ваколатдори давлатӣ - мақомоти иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозро аз рўи иҷрои дигар ўҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет таъмин менамояд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

-мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкунӣ ва (ё) ҷамъоварии дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Намудҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

1.        Дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ иборатанд.

2.        Ба дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ инҳо дохил мешаванд:

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ;

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ;

-хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ;

-хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад;

-хироҷи консулӣ;

-хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-хироҷи иҷозатномадиҳӣ;

-пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад;

-пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ;

-пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;

-пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;

-пардохт барои истифодаи ҷангал;

-пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот.

3. Ба дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

–хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ;

–хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ;

–хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он;

–хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм;

–пардохт барои ҷойгир намудани рекламаи берунӣ.

4. Ба ғайр аз пардохтҳои ҳатмӣ ва хироҷҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, муқаррар намудани хироҷу пардохтҳои нав, инчунин тағйир додан ё бекор намудани хироҷу пардохтҳои амалкунанда бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 5. Пардохти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

1. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба қисми даромадҳои буҷети дахлдор (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) ҳисоб карда мешаванд.

2. Хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Боби 2. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад

 

Моддаи 6. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад (минбаъд- хироҷ) ҳангоми бақайдгирии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ки тақсимоти спектрҳои басомадро ба танзим медарорад, (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 7. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мақомоти бақайдгиранда ба манфиати онҳо бақайдгириро анҷом медиҳад.

 

Моддаи 8. Имтиёзҳо

Аз пардохти хироҷ ташкилотҳои буҷетӣ озод мебошанд.

 

Моддаи 9. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷро мақомоти бақайдгиранда мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунад ва то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишон додашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

Боби 3. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии

киштиҳои ҳавоии  гражданӣ

 

Моддаи 10. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии гражданӣ (минбаъд-хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои ҳавоии гражданӣ, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи гражданӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки киштиҳои ҳавоии граждании бақайдгирифташаванда доранд.

 

Моддаи 12. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, маблағ  баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

Боби 4. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии

аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ

 

Моддаи 13. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ (минбаъд-хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоӣ, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи гражданӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 14. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки аэродромҳо ва фурўдгоҳҳои ҳавоии бақайдгирифташаванда доранд.

 

Моддаи 15. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 5. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ

 

Моддаи 16. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ (минбаъд- хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) маводи доруворӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд- бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии маводи доруворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи назорати маводи доруворӣ (минбаъд- мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 17. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки маводи дорувориро барои бақайдгирӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 18. Имтиёзҳо

Маводи доруворӣ ва молҳои тиббие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кўмаки башардўстона ворид карда мешаванд, аз пардохти хироҷ барои бақайдгирӣ озод мебошанд.

 

Моддаи 19. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди  ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро  пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 6. Хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти

автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

Моддаи 20.  Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.        Хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- хироҷ) дар мавридҳои зайл ситонида мешавад:

–даромадан (баромадан) ба (аз) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон транзити воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кашондани мусофирон ва борҳоро бо роҳҳои байналмилалӣ анҷом медиҳанд;

-ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии калонҳаҷм ва (ё) вазнини хориҷӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷие мебошанд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 22. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда пардохта мешавад.

2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пардохта мешавад. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи хироҷи  бо пули нақд пардохташударо мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.

 

Боби 7. Хироҷ барои додани иҷозати истифодаи

спектри радиобасомад

 

Моддаи 23. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад

1. Хироҷ  барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд- хироҷ) ҳангоми додани иҷозат (нусхаи дуюми иҷозат) барои истифодаи спектри радиобасомад аз ҷониби мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, ситонида мешавад. Муқаррароти ҳамин боб нисбати Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи телевизион ва радио додашуда амал менамояд, татбиқ карда мешавад.

2. Тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Маблағҳои яквақта, ки ҳангоми тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад бо роҳи гузаронидани озмун ситонида мешаванд, ба ҳисоби хироҷи мутобиқи ҳамин боб пардохташаванда гузаронида намешаванд.

 

Моддаи 24. Супорандагони хироҷ

1. Супорандагони хироҷ ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние мебошанд, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро мегиранд.

2. Аз супоридани хироҷ ташкилотҳои давлатие, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро барои иҷрои ўҳдадориҳои асосии вазифавии ба зиммаи ҳамин ташкилотҳои давлатӣ гузошташуда мегиранд, озод мебошанд.

 

Моддаи 25. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани иҷозат дар мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 8. Хироҷҳои консулӣ

 

Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷҳои консулӣ

Хироҷи консулӣ (минбаъд-хироҷ) аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани амалҳои консулӣ ва додани ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ (минбаъд- хизматҳои консулӣ) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонида мешавад.

 

Моддаи 27. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешавад.

 

Моддаи 28. Имтиёзҳо

1. Хироҷҳои консулӣ ситонида намешаванд:

-ҳангоми мавҷуд будани созишномаи байналмилалӣ оид ба даст кашидан аз ситонидани пардохтҳои консулӣ, ки иштирокчии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз шаҳрвандони давлатҳое, ки ҳамин созишномаи байналмилалиро ба имзо расонидаанд;

-барои додани раводидҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба шахсоне, ки ба ҳайати намояндагони расмӣ ва ҳукуматӣ шомиланд ва кормандони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ;

-дар ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

-барои барасмиятдарории раводидҳои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расондани борҳои дорои хусусияти башардўстона ё ҳаллу фасли масъалаҳои расондани онҳо ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд;

-аз рўи дархости мақомоти ваколатдор оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои аз рўи дархости ҳукумат ва шаҳрвандони алоҳидаи мамлакатҳое, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо оид ба кўмаки ҳуқуқӣ бастааст, талаб кардани ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои ҷиноятӣ, оид ба алиментҳо, оид ба кўмакпулиҳо ва нафақаҳои давлатӣ, оид ба писархондӣ, оид ба ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии ноболиғон, ҳамчунин барои ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳод ба муассисаҳои таълимӣ заруранд ва аз ҷониби мақомоти судӣ, нотариат ва мақомоти сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ дода мешаванд;

-барои қонунигардонии ҳуҷҷатҳои талабшаванда, ки дар сархатҳои боло нишон дода шудаанд;

-барои тасдиқи васиятномаҳо, шартномаҳои бахшиши амвол аз ҷониби шахсони воқеӣ ба фоидаи давлат;

-барои гирифтани шаҳодатномаҳо дар хусуси ба мерос гирифтани амвол аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки мубталои бемориҳои рўҳии доимӣ буда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти васоят гирифта шудаанд;

-барои анҷом додани амалҳои консулӣ нисбати кўдакони то 16-сола;

-барои додани шаҳодатномаи вафот;

-барои додани шаҳодатнома ҳангоми ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба навиштаҷоти санадҳои таваллуд, вафот, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхондӣ – бинобар хатоҳое, ки ҳангоми бақайдгирии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ роҳ дода шудаанд;

-барои хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

-дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда муқаррар намудаанд.

2. Ҳангоми хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – маъюбони гурўҳҳои I ва II хироҷҳои консулӣ ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо ситонида мешавад.

 

Моддаи 29. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Номгўи амалҳои консулӣ, ки барои анҷом додани онҳо ва номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои додани онҳо хироҷ ситонида мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то анҷом додани амалҳои консулӣ ё додани ҳуҷҷатҳо пардохта мешавад.

3. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои консулиро баъди пардохти хироҷ аз ҷониби супоранда анҷом медиҳанд.

4. Пардохти хироҷ бо асъори мамлакате, ки дар ҳудуди он хизматрасонии консулӣ сурат мегирад ё бо ҳар як дигар асъори қобили табодули озод анҷом дода мешавад.

5. Пардохти хироҷҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёри онҳо бо доллари ИМА муқаррар карда шудааст, бо асъори миллӣ мутобиқи қурби расмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар вақти пардохти хироҷ муқаррар кардааст, сурат мегирад.

6. Хироҷ пардохта мешавад:

-дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар муассисаҳои консулӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ;

-берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ба ҳисоби бонкии махсуси (транзити) намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ё бо пули нақд дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ.

7. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъиро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

8. Тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои хироҷ, ҳамчунин тартиби гузаронидани маблағҳои хироҷ ба ҳисоби бонкии махсуси (транзитии) намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ, ки дар хориҷа бо пули нақд супорида шудаанд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

9. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад.

 

Боби 9. Хироҷ барои додани шиносномаи

шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 30. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – хироҷ) ҳангоми ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шиноснома) ситонида мешавад.

2. Шиноснома аз ҷониби мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

 

Моддаи 31. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

Моддаи 32. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома озод карда мешаванд:

-иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

-нафақахўрон;

-маъюбони гурўҳи як ва ду категорияҳое, ки қонунгузории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 33. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гирифтани шиноснома супорида мешавад.

2.        Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта аз гирифтани шиноснома то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор оид ба додани шиноснома даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки даст кашидани шахсро аз гирифтани шиноснома тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

Боби 10. Хироҷи иҷозатномадиҳӣ

 

Моддаи 34. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои иҷозатномадиҳӣ

Хироҷи иҷозатномадиҳӣ (минбаъд – хироҷ) барои баррасии ариза, додан, дароз намудани мўҳлати амал ва аз нав барасмиятдарории иҷозатнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистони ситонида мешавад.

 

Моддаи 35. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки иҷозатнома мегиранд.

 

Моддаи 36. Тартиби супоридани хироҷ

Хироҷ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохта мешавад.

 

Боби 11. Пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад

 

Моддаи 37. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад

1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд- пардохт) барои ҷудо кардани номиналҳои (хатҳои, диапазонҳои) спектри радиобасомад (минбаъд – номиналҳои спектри радиобасомад) мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, меситонад.

2. Ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки мақомоти ваколатдори соҳаи алоқа мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тасдиқ мекунанд.

3. Тақсимоти номиналҳои спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Дар ин ҳолат ғолиб баъди ҷамъбасти озмун маблағи яквақтаро бо тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мепардозад.

4. Маблағи пардохти яквақта, ки бояд мутобиқи қисми 3 ҳамин модда супорида шавад, ба ҳисоби пардохти асосӣ гузаронида намешавад.

 

Моддаи 38. Супорандагони пардохт

1. Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро гирифтаанд.

2. Ташкилотҳои давлатӣ, ки спектри радиобасомадро ҳангоми иҷрои вазифаҳои асосии худ истифода мебаранд, супорандагони пардохт намебошанд.

 

Моддаи 39. Андозаи пардохт

Андозаи пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳаҷми солонаи истифодаи спектри радиобамсомад муқаррар менамояд.

 

Моддаи 40. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад мақомоте, ки тақсимоти спектри радиобасомадро ба танзим медарорад, ҳисоб мекунад.

2. Дар ҳолате, ки агар давраи истифодаи спектри радиобасомад аз як сол кам бошад, маблағи пардохт аз рўи шумораи моҳҳои истифодаи спектри радиобасомад дар соли ҳисоботӣ муайян карда мешавад.

3. Мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, супорандагонро дар бораи маблағи солонаи пардохт дар мўҳлати на дертар аз 20 феврали соли ҷорӣ огоҳ мекунад.

4. Маблағҳои солонаи пардохт бо ҳиссаҳои баробар дар мўҳлати на дертар аз 20 март, 20 июн, 20 сентябр ва 20 декабри соли ҷорӣ ба буҷет гузаронида мешаванд.

5. Ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро тасдиқ мекунанд, баъди мўҳлате, ки дар қисми 3 ҳамин модда муқаррар карда шудааст, мўҳлати якуми пардохт мўҳлати навбатии баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда мебошад.

6. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгирӣ барои пўшонидани фоизҳо ва ҷаримаҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё мувофиқи аризаи супоранда баргардонида мешавад.

 

Боби 12. Пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи

ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ

 

Моддаи 41. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ

1. Пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд-пардохт) барои бақайдгирӣ ва додани шаҳодатномаи нишонаи молӣ, ҳуҷҷати ҳифзкунандаи ихтироъ, патент ба намунаи саноатӣ, шаҳодатнома барои номи ҷойи ба вуҷуд омадани мол (минбаъд – ҳуҷҷатҳои ҳифзкунанда), тамдид ва барқарор намудани мўҳлатҳои гузашта ситонида мешавад.

2. Амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд – мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳад.

 

Моддаи 42. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие (минбаъд – аризадиҳандагон) мебошанд, ки ҳуҷҷатҳои ҳифзкунандаро мегиранд.

 

Моддаи 43. Андозаи пардохт

Андозаи пардохтро оид ба амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи объектҳои моликияти саноатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 44. Имтиёзҳо

1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллифони ягонаи ихтирои намунаи саноатӣ мебошанд ва патентро ба номи худашон дархост мекунанд ва ё дорандагони ягонаи патенти ихтирои намунаи саноатӣ мебошанд, имтиёзҳои зайл дода мешаванд:

–иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҳамчунин маъюбони гурўҳи I аз пардохт пурра озод карда мешаванд;

-нафақахўрон, маъюбони гурўҳҳои II ва III, талабагон ва донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ, аспирантҳо пардохтро ба андозаи 50 фоиз месупоранд.

2. Имтиёзҳо дар асоси дархости аризадиҳанда дода мешаванд.

 

Моддаи 45. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда то аз ҷониби аризадиҳанда ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор барои додани ҳуҷҷати ҳифзкунанда супорида мешавад.

2. Маблағи супоридашудаи пардохт баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони пардохтро супорида то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ аз гирифтани патент даст кашанд. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби супоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани ҳуҷҷати ҳифзкунанда тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

 

 

Боби 13. Пардохт барои ифлос кардани муҳити

табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он

 

Моддаи 46. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он

1. Пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он (минбаъд – пардохт) барои анҷом додани фаъолияти истифодаи табиат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ситонида мешавад.

2. Истифодаи табиат дар асоси иҷозате, ки мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист додааст, сурат мегирад.

3. Ифлос кардани муҳити табиии зист бе иҷозате, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашудааст, ҳамчун аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд ифлос кардани он ба ҳисоб меравад.

4. Мақомоти ваколатдори минтақавӣ оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рўи шакле, ки мақомоти давлатии ваколатдор муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 47. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба истифодаи табиат анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 48. Объектҳои пардохт

Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми воқеии партовҳо ва пасмондаҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда, зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, пасмонда ва партовҳои садамавии моддаҳои ифлоскунанда, ба вуҷуд омадани партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ва зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, ки ба муҳити табиии зист партофта ё ҷойгиронда мешавад.

 

Моддаи 49. Андозаи пардохт

Андозаи пардохт аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда муайян карда мешавад. Барои зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда ифлос кардани муҳити табиии зист андозаи пардохт панҷ баробар меафзояд. Андозаи пардохт барои пасмондаҳои садамавӣ ва партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи муҳити табиии зист бо назардошти меъёр ва зарари воқеии расонидашуда муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 50. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Маблағи пардохт аз ҷониби пардохтсупорандагон мустақилона бо дарназардошти ҳаҷми воқеии ифлоскунии муҳити табиии зист ва меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, на дертар аз санаи 20-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ситонида мешавад.

2. Пардохт ба буҷет дар маҳалли ҷойгиршавии манбаи (объекти) ифлоскунии муҳити табиии зист, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда нишон дода шудааст, супорида мешавад, ба истиснои объектҳои сайёри ифлоскунанда, ки барои онҳо пардохт дар ҷойи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон аз ҷониби мақомоти ваколатдор, сурат мегирад.

3. Пардохти маблағҳо аз ҷониби супорандагоне, ки низомҳои махсусро барои шахсони ҳуқуқӣ – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ истифода мебаранд, бо тартиби зайл сурат мегирад:

–маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 январ то 1 октябри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар мўҳлати на дертар аз 20 октябри соли ҷорӣ супорида мешаванд;

–маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 октябр то 31 декабри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар мўҳлати на дертар аз 20 март, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, супорида мешаванд.

4. Маблағи барзиёд супоридашудаи пардохт баъди баҳисобгирӣ ба ҳисоби пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рўи ин пардохт ба ҳисоби пардохтҳои оянда аз рўи ин пардохт ҳисоб карда мешавад ё дар асоси аризаи супоранда ба ҳисоби бонкии ў гузаронида мешавад.

 

Боби 14. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

 

Моддаи 51. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

1. Пардохт барои истифодаи олами ҳайвонот (минбаъд – пардохт) барои аз муҳити табиӣ гирифтани ҳайвоноте, ки дар ҳолати озоди табиӣ зиндагӣ мекунанд, ситонида мешавад.

2. Пардохт ҳангоми дастгир кардани ҳайвонот бо мақсади ҳалқазанӣ ва нишонагузорӣ бо баргардонидани минбаъдаи онҳо ба муҳити табиӣ ситонида намешавад.

3. Мақомоти идораи объектҳои олами ҳайвонот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рўи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 52. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот мебошанд.

 

Моддаи 53. Андозаи пардохт

Номгўи объектҳои олами ҳайвонотро, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва меъёрҳои пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

 

Моддаи 54. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Супорандагон мустақилона маблағи пардохтро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, 20 фоизи маблағи пардохтро то гирифтани иҷозат ва 80 фоизи онро аз рўи воқеан баровардани ҳайвонот аз муҳити табиӣ дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот мепардозанд.

2. Маблағҳои пардохт бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот супорида мешаванд.

3. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот қабули маблағҳои пардохтро бо пули нақд дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ анҷом медиҳанд. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои пардохт, ки бо пули нақд супорида шудаанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Маблағҳои пардохташуда баргардонда намешаванд.

 

Боби 15. Пардохт барои истифодаи ҷангал

 

Моддаи 55. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи ҷангал

1. Пардохт барои истифодаи ҷангал (минбаъд – пардохт) барои намудҳои зерини истифодаи ҷангал ситонида мешавад:

-барои тайёр кардани чўб;

-барои тайёр кардани қатрони писта;

-барои тайёр кардани маводи дуюмдараҷаи ҷангалӣ (кундаҳо, пўст ва ғайра);

-барои истифодаи ғайриасосии ҷангал – алафдаравӣ, чарондани чорво, тайёр кардани шираи чубӣ, тайёр ва ҷамъоварии меваҷоти худрўй, чормағз, занбурўғ, меваҳои буттагӣ, растаниҳои доругӣ ва ашёи хоми техникӣ; алафдаравӣ ва чаронидани чорво дар заминҳои кишоварзӣ, ки ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал дохил мебошанд;

-барои мақсадҳои илмию тадқиқотӣ;

-барои мақсадҳои фарҳангию солимӣ;

-барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ.

2. Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар асоси чиптаи ҷангал, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, фароҳам оварда мешавад.

3. Пардохт барои истифодаи ҷангал то гирифтани чиптаи ҷангал бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд ё бо пули нақд дар сохтторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал сурат мегирад. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи пардохт, ки бо пули нақд супорида шудааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рўи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 56. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи ҷангалро (минбаъд – истифодабарандагони ҷангал) гирифтаанд.

 

Моддаи 57. Имтиёзҳо

Аз пардохт озод карда мешаванд:

- сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдор барои аз решааш буридани дарахтон бо мақсадҳои парваришу нигоҳубини ҷангал, ҷангалбурии санитарӣ (интихобӣ ва саросарӣ), ҷангалбурӣ вобаста ба навсозии дарахтзори (ниҳолзори) камарзиш, татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонандаҳо ва касалиҳо, сохтани пайраҳаи ҷангалӣ, ҷангалсозӣ ва чорабиниҳо оид ба таҷҳизонидани сўхторнишонии ҷангал;

- истифодабарандагони ҷангал – барои истифодаи захираҳои чўб, маводи дуюмдараҷаи ҷангал, ки барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат маҳсулоти бадастомада ба сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал бояд дода шавад, ба истиснои он қисмате, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ заруранд. Номгўй ва ҳаҷми он бо назардошти барнома ва усули тадқиқот муқаррар гардида, дар созишнома ё шартнома бо мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал нишон дода мешавад.

 

Моддаи 58. Объекти пардохтбандӣ

Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми истифодаи ҷангал ва (ё) масоҳати қитъаҳои фонди ҷангал мебошад, ки ба истифода дода мешавад.

 

Моддаи 59. Андоза, тартиби ҳисоб ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Андоза ва тартиби ҳисобкунии пардохт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.

 

Боби 16. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот

 

Моддаи 60. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот

1. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот (минбаъд – пардохт) барои истифодаи объектҳои олами растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

2. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори назорати истифодаи олами наботот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба истифодаи олами наботот аз рўи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд

 

Моддаи 61. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки объектҳои олами набототро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 62. Андозаи пардохт

Номгўи объектҳои олами наботот, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва андозаи пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 63. Тартиб, мўҳлати пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Маблағҳои пардохт бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳҳо ё дигар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, ки мақомоти минтақавии назорати объектҳои олами наботот муқаррар кардааст, мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ супорида мешаванд. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи пардохтро, ки бо пули нақд супорида шудааст, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Истифодаи объектҳои олами наботот танҳо ҳангоми дар супорандагон мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани пардохт ба буҷет иҷозат дода мешавад.

3. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.

 

Боби 17. Хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ

 

Моддаи 64. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ

Хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ дар намудҳои зерин ситонида мешавад:

- муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобилӣ ва нимядак);

- рухсати ҳарсола барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракати роҳ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобилӣ ва нимядак);

- ташхиси давлатии лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои нави воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва қисмҳои воситаҳои нақлиёт;

- ташхиси давлатии лоиҳаҳо оид ба сохтмон, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, воситаҳои техникии танзими ҳаракати роҳ ва дигар иншоот.

 

Моддаи 65. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотосиклҳо доранд.

 

Моддаи 66. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод карда мешаванд.

 

Моддаи 67. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.

3. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии давлатии автомобилӣ бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.

 

Боби 18. Хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати

давлатии техникаи кишоварзӣ

 

Моддаи 68. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ

Хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ ситонида мешавад:

- муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард;

- бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард;

- рухсати ҳарсолаи тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард барои истифодабарӣ;

- ташхиси давлатӣ-озмоиши истеҳсолии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард, ки ба таври инфиродӣ тармим ва васл гардидаанд.

 

Моддаи 69. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои тракторӣ ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард доранд.

 

Моддаи 70. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ озод карда мешаванд:

- маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- муассисаҳои таълимие, ки курсҳои тайёр намудани кадрҳои механизаторӣ доранд.

 

Моддаи 71. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.

3. Маблағҳои пардоташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.

 

Боби 19. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ

ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он

 

Моддаи 72. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он (минбаъд – хироҷ) ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд – бақайдгирӣ) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он аз ҷониби мақомоти ваколатдор (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) тибқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 73. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи онҳо ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

Моддаи 74. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он озод карда мешаванд:

- маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- маъюбони дараҷаи I ва II категорияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

- маъюбон ва иштирокчиёни фалокати нерўгоҳи барқии атомии Чернобил.

 

Моддаи 75. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашуда

1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба мақомоти бақайдгиранда супорида мешавад.

2. Маблағи пардохтшуда баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахси хироҷсупоранда аз бақайдгирифтан то супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти бақайдгирӣ даст кашад. Дар ин ҳолат баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки дар он мақомоти ваколатдор пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ намудааст, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 20. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии

киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм

 

Моддаи 76. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм

1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд – бақайдгиранда) ситонида мешавад.

2. Бақайдгирии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи нақлиёт (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 77. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – соҳибони киштиҳои бақайдгирифташаванда мебошанд.

 

Моддаи 78. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.

2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгирӣ даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

 

Боби 21. Пардохт барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ

 

Моддаи 79. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ

Пардохт барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ (минбаъд – пардохт) барои ҳуқуқи ҷойгир намудани объектҳои рекламаҳои берунӣ дар шакли плакатҳо, стендҳо, таблоҳои нурафкан, билбордҳо, транспарантҳо, эълонҳо ва дигар объектҳои рекламаи берунӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умум ва дар маҳалҳои аҳолинишин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

 

Моддаи 80. Супорандагони пардохт

1. Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки объектҳои рекламаҳои беруниро ҷойгир мекунанд.

2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои рекламаҳои берунӣ, ки бинобар иҷро намудани вазифаҳои худ онҳоро ҷойгир намудаанд, пардохт намесупоранд.

 

Моддаи 81. Меъёрҳои пардохт

Меъёрҳои пардохт дар асоси масоҳати объекти рекламаҳо муқаррар карда мешаванд:

- аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз рўи объектҳои рекламаҳое, ки дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда мешаванд;

- аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – аз рўи объектҳои рекламаҳое, ки дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди мавриди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ ва дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир карда мешаванд.

 

Моддаи 82. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

1. Андозаи пардохт дар асоси меъёрҳои пардохт ва мўҳлати воқеии ҷойгиршавии объекти реклама, ки дар иҷозатнома муқаррар шудааст, вале на камтар аз андозаи пардохт барои як моҳи тақвимӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми гирифтани иҷозатнома супорандагони пардохт ба мақомоти роҳ ё мақомоти ваколатдори маҳаллӣ ҳуҷҷатеро, ки супоридани маблағи пардохтро барои моҳи якуми ҷойгир намудани реклама тасдиқ мекунад, пешниҳод мекунанд.

3. Маблағи пардохт, ки бояд барои як моҳи тақвимӣ супорида шавад, на дертар аз санаи 20-уми моҳи оянда супорида мешавад.

4. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад.

 

Боби 22. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 83. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 84. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Э.Раҳмонов

 

       ш. Душанбе  28 июли соли 2006

       № 197

 

 

 

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.