ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №3, мод.53; соли 1997, № 23-24, мод. 333; соли 2007, №5, мод. 370)
Фасли I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаи қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Вазифаи қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа бо мақсади муҳайё сохтани муҳити табии мусоид барои зиндагии инсон, олами набототу ҳайвонот, ҳифзи тозагӣ ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани назорати давлатӣ ба истифодаи ҳавои шаҳрҳо ва марказҳои саноатӣ, дигар маҳалҳои аҳолинишин, манбаъҳои олудашавии ҳавои атмосфера, инчунин таҳкими қонунуният дар соҳаи ин муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрeзаю оянда иборат аст.
Моддаи 2. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаю созишномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, ки ҷумҳурӣ ба имзо расонидааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера
Принсипҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера аз инҳо иборатанд:
таъмини тозагии ҳавои атмосфера аз ифлоскунандаҳои гуногун ва нигоҳ доштани он дар асоси қоидаю меъёрҳои илман асоснок;
ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои дар масъалаи тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера;
риояи манфиатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;
таъмини манфиатҳои миллӣ ва байналхалқӣ дар соҳаи ҳифз намудан ва истифода бурдани ҳавои атмосфера;
ошкорбаёнӣ ҳангоми ҳалли вазифаҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва алоқаи зич бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ;
муқаррар намудани чораҳои ҷазо барои вайрон кардани қонунҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва ҷуброн кардани зараре, ки бо ин қонунвайронкуниҳо расонида шудааст;
ба таври маҷмeъ ҳал кардани масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера ва дигар ҷузъҳои муҳити табии зист.
Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Олӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Бо мақсади таъмин намудани ягонагии танзими қонунгузории муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайлро анҷом медиҳад:
самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера муайян менамояд;
минтақаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ва ҳалли ҳуқуқии онҳоро эълон мекунад;
барномаҳои экологии давлатиро, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера аз ифлосшавӣ, таъмини бехатарии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ифлосшавии атмосфера тасдиқ менамояд;
дигар масъалаҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин қонун ҳал менамояд.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера корҳои зеринро иҷро менамояд:
таҳия ва тадбиқи барномаҳои экологии давлатӣ ва байнидавлатӣ, барномаҳои муҳимтарини комплексии байнисоҳавӣ ва ҳудудиро дар соҳаи ҳифзи атмосфера таъмин мекунад;
тадбирҳои ҷумҳуриявиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера ба нақша мегирад, барномаҳои ҷумҳуриявии компелкси соҳавӣ, маблаuгузорӣ ва таъмини моддию техникии онҳоро тасдиқ мекунад;
меъёрҳои консентрасияи ҳадди ҷоизи моддаҳои ифлосро дар ҳавои атмасфера ва дараҷаи таъсири зараровари физикию дигар партовҳои моддаҳои зараровар ва дигар таъсири зарарнок ба муҳити табиии зист муқаррар менамояд;
дар бораи боздоштан ё ба воситаи суд манъ намудани фаъолияти корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва дар мавриди аз тарафи онҳо вайрон карда шудани қонунҳо дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера тобеъ гардонидани онҳо қарор қабул мекунад.
тартиби ягонаи бароҳ мондани баҳисобгирии давлатии таъсири манфӣ ба ҳавои атмасфера, моноторинги вазъи ҳавои атмосфера, ташкили маълумоти ҷумҳуриявӣ ва системаи ягонаи ахбор дар соҳаи ҳавои атмосфераро муқаррар мекунад;
тадқиқоти илмиро дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера роҳнамо, мутобиқ ва ҳавасманд мекунад;
дигар масъалаҳои танзими муносибатҳои соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфераро ҳал мекунад;
Моддаи 6. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон дар масъалаҳои танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Дар бобати танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ба салоҳияти Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон масъалаҳои зайл дохил мешаванд:
таҳияю тасдиқи нақшаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;
баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳаҷми партовҳои дар атмосфера бавуҷудомада дар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди вилоят воқеъ гардида;
манъ кардани сохтмони объектҳое, ки ба меъёрҳои муқарраршудаи ҳудуди ҷоизи конcентраcияи моддаи ифлос дар ҳавои атмосфера ва сатҳи таъсири зараровари физикию дигар таъсир ба он ҷавоб намедиҳад;
ҳали дигар масъалаҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера, агар онҳо ба салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявӣ дода шуда бошанд.
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимият дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ба ихтиёри мақомоти ҳокимиятмасъалаҳои зайл дода шудаанд:
муайян кардани самтҳои асосии ҳифзи ҳавои атмасфера ва тасдиқи барномаҳо оид ба ҳифзи атмосфера аз таъсири зараровар дар ҳудудҳои тобеъашон;
баҳисобгирии объектҳое, ки ба вазъи ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд;
банақшагирӣ, мабблаuгузорӣ ва таъмини моддию техникии иҷрои барномаҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмасфера
мутобиқгардонии фаъолияти мақомоти идора, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияташон, инчунин умури экологӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
баррасии дигар масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҳудуди салоҳияти онҳо.
Моддаи 8. Идораи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера
Дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера идораи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти давлатии махсус ваколатдор ба амал мебарорад.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти давлатии махсус ваколатдор, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» салоҳияти мақомоти давлатии оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера махсус ваколатдорро муайян мекунад.
Фасли II. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 9. Ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера
Ҳар як шаҳрвандон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони воқеъӣ, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, ба вазъи барои ҳаёту саломатии онҳо мусоиди ҳавои атмасфера ҳуқуқ доранд.
Ин ҳуқуқ ба таври зайл таъмин мегардад:
татбиқи тадбирҳои давлатӣ барои нигоҳдорӣ, барқарор кардан ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмасфера;
eҳдадории корхонаб муассисаҳо, ташкилотҳои ва шаҳрвандон ҷиҳати риоя кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳавои атмасфера, гузаронидани маҷмeи тадбирҳои илман асосноки техникӣ. иқтисодӣ. иҷтимоӣ ва дигар тадбирҳо, ки ба пешгирӣ намудан ва бартараф кардани ифлосшавии ҳавои атмасфера ва дигар таъъсирҳои зарарнок ба он равона гардидаанд;
ба амал баровардани назорати давлатию ҷамъиятӣ ба риояи қонунгузори дар бораи ҳифзи ҳавои атмасфера ;
иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти оид ба ҳифзи ҳавои атмасфера ;
ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи ифлос кардани ҳавои атмасфера ва дигар чорабиниҳо ба саломатӣ ва амволи шаҳрвандон расонида шудааст.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки:
дар муҳокимаи лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмасфера иштирок намоянд;
оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмасфера бо мактуб, шикоятнома ва ариза муроҷиат кунанд;
дар бораи вазъи ҳавои атмасфера ва тадбирҳои муҳофизати он маълумоти аниқ гиранд;
дар гузаронидани экспертизаҳои ҷамъиятии экологӣ иштирок намоянд, дар суд нисбат ба корхонаю муассисаҳо , ташкилотҳои ва шаҳрвандон оид ба талофии зараре, ки дар натиҷаи ифлос намудани ҳавоӣа ба саломатӣ ва амволи онҳо расонида шудааст, даъво намоянд;
оид ба ҳифзи саломатию ҳаёташон кафолат талаб намоянд, инчунин дар манбаъҳои заҳролудшавӣ ва минтақаҳои ифлосшавии ҳавои атмасфера дар тадбирҳои таъхирнопазир иштирок намоянд .
Шаҳрвандон вазифадоранд, ки:
талаботи қонунро дар бораи ҳифзи ҳавои атмасфера қатъиян риоя кунанд;
талаботҳои қонунии кормандони мақомоти ҳифзи табиатро ҳатман иҷро намоянд;
зарареро, ки онҳо ба сифати ҳавои атмасфера расонидаанд, пурра талофӣ кунанд.
Моддаи 10. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар бораи баҳисобгирии пешниҳоди шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъияти оид ба беҳтар намудани ҳифзи ҳавои атмасфера
Давлат ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳангоми тадбиқи тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера имконияти амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ба онҳо додашударо кафолат медиҳад.
Мақомоти намояндагии иҷроияи ҳокимият, мақомоти давлатии оид ба муҳофизати ҳавои атмосфера махсус ваколатдор, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои онҳо ҳамаҷониба мусоидат намоянд ва пешниҳоду талаботҳои онҳоро дар кори ташкили ҳифзи ҳавои атмосфера сари вақт баррасӣ кунанд.
Шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи ҳуқуқу вазифаҳояшон дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера монеъ мешаванд, инчунин бо амалиёти худ ё дар натиҷаи бефаъолиятиашон ба онҳо зарар мерасонанд, мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Фасли III. БА МЕЪЁРДАРОРИИ СИФАТИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 11. Талаботи асосӣ нисбати ба меъёр даровардани сифати ҳавои атмосфера
Ба меъёр даровадани сифати ҳавои атмосфера бо мақсади муқаррар намудани меъёри ҳадди ҷоизи таъсир ба ҳавои атмосфера, ки бехатарии экологии аҳолӣ ва муҳити табиии зистро дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ва дигар навъи фаъолият таъмин мекунад, ба амал бароварда мешавад.
Ин меъёрҳо, ки дар асоси стандартҳо, конвенсияҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ ва комёбиҳои навтарини илми ҷаҳонӣ таҳя мегарданд, бояд ба манфиати ҳифзи саломатии одамон ва ҳифзи муҳити табиии зист ҷавоб диҳанд, инчунин инҳоро муқаррар намоянд:
конcентраcияи ҳадди ҷоизи моддаҳои ифлос дар ҳавои атмосфера ;
партовҳои ҳадди ҷоизи моддаҳои ифлос манбаъҳои uайрисайёр (стасионарӣ) ва сайёр.
дараҷаи ҳадди ҷоизи садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ афканишот ва дигар таъсироти зараровари физикӣ.
Ин меъёрҳо барои ҳар як манбаи uайрисайёри партовҳо ё дигар таъсироти зарарнок ба ҳавои атмасфера, инчунин барои ҳар як модели воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаю дастгоҳҳои сайёр муайян карда мешаванд.
Меъёрҳои ҳадди ҷоизи партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера ва таъсири ҳадди ҷоизи зараровари физикӣ ба он ба дараҷае муқаррар карда мешавад, ки дар сурати он партовҳо ва таъсироти физикӣ аз манбаи мушаххас ва тамоми дигар манбаъҳо дар ноҳияи муайян бо дарназардошти пешомади тараққиёти он боиси аз ҳадди ҷоиз зиёд шудани консентрасияи моддаҳои ифлос дар ҳавои атмосфера ва дараҷаи ҳадди ҷоизи таъсироти зарарноки физикӣ намегарданд.
Дар мавриди зарурат барои ноҳияҳои ҷудогона меъёрҳои нисбатан қатъии ҳадди ҷоизи консентрасияи моддаҳои ифлос дар ҳавои атмосфера ва таъсири зарарноки физикӣ ба онро муқаррар кардан мумкин аст.
Ҳангоми иҷро накардани талаботи меъёрҳои мазкур партофтани моддаҳои ифлосро ба атмосфера бояд маҳдуд карда, боздошта ё манъ намуда, ҳатто фаъолияти корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои , участкаҳо, сехҳо, таҷҳизот (аз ҷумла корхонаҳои комплекси саноати ҳарбӣ), инчунин шаҳрвандон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун манъ карда шавад.
Корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера вобаста мебошанд, сарфи назар аз тааллуқият ва шакли моликияташон, вазифадоранд барои ба атмосфера партофтани моддаҳои заҳрнок аз мақомоте, ки ба ҳифзи атмосфера назорат мебаранд, иҷозат гиранд, ҷиҳати таъмин намудани иҷрои шарту талаботи дар иҷозатнома барои партов ба атмосфера пешбинишуда тадбирҳои ташкилию хоҷагӣ, техникӣ ва дигар тадбирҳо андешанд, дар бобати кам кардани партовҳо моддаҳои ифлос чораҳо бинанд, кори самараноку мунтазам ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоот, таҷҳизот ва асбобҳо барои тоза кардани партовҳо ва назорат ба онҳоро таъмин кунанд, инчунин миқдор ва тартиби моддаҳои ифлоси ба атмосфера партофташавандаро доим ба ҳисоб гиранд. Тадбиқи тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера набоядбоиси ифлосшавии хок, об ва дигар объектҳои табиат гардад.
Ҳангоми дар натиҷаи садама дар атмосфера зиёд шудани меъёри муқарраршудаи ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлос, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифадоранд дар ин бора фавран ба мақомоте , ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорат мебаранд, хабар диҳанд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳифзи атмосфера ва бартараф намудани сабабу оқибатҳои ифлосшавии он мувофиқи қонунҳои ҷорӣ тадбирҳо андешанд.
Моддам 12. Танзими партови моддаҳои ифлос ба атмосфера ҳангоми шароити номусоиди метерологӣ
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳои вобаcта ба шароити номусоиди метеорологӣ ва баландшавии имконпазири консентрасияи моддаҳои ифлос вазифадоранд дар бобати дар ин давраҳо якбора кам кардани партови чунин модаҳо ба атмосфера тадбирҳое андешиданд, ки онҳо бо мувофиқаи мақомоти ба ҳифзи ҳавои атмосфера назораткунанда махсус таҳия шудаанд.
Моддаи 13. Ба меъёр даровардан ва танзим намудани партови моддаҳои ифлоси воситаҳои дастгоҳҳои сайёр ба атмосфера
Миқдори моддаҳои ифлосе, ки воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаи дастгоҳҳои сайёр ба ҳаво хориҷ мекунанд, набояд аз меъёри ҳадди ҷоизи партовҳо зиёд бошад .
Ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаю дастгоҳҳои дар истифода буда бояд аз тарафи мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи табиат барои риояи меъёри ҳадди ҷоизи партовҳои моддаҳои ифлос таҳти назорат қарор гиранд.
Истеҳсолу истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаю дастгоҳҳои сайёр, ки дар партови онҳо моддаҳои ифлос меъёри муқарраршудаи зиёд аст, иҷозат дода намешавад.
Бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти маҳаллии ҳокимият метавонанд рафту омади нақлиёт ё дигар воситаҳои ҳаракатро ба минтақаҳои муайян, маҳалҳои аҳолинишин, ҷойҳои истироҳат ва туризм муваққатан ё доиман манъ кунанд.
Моддаи 14. Танзими таъсири зараровари физикӣ ба атмосфера
Дараҷаҳои ҳадди ҷоизи садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, афканишот ва дигар таъсири зараровари физикиро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимият, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои, консернҳо, ассотсиатсияҳо, ширкатҳо дигар иттиҳодияҳо, кооперативҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки оид ба пешгирӣ намудани таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, афканишоти истеҳсолӣ ва дигар манбаъҳо ба муҳити табиии зист ва саломатии одамон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамагуна таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера дар сурати риоя кардани меъёрҳои хадди ҷоиз дар мавриде, ки агар барои он мақомоти давлатии махсус ваколатдор иҷозат дода бошанд ҳамчунин дар сурати риоя кардани дигар талаботи пешбининамудаи ин иҷозатнома роҳ дода мешавад.
Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур фаъолияти дахлдори корхонаҳои ҷудогонаи саноатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, консернҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо, дигар иттиҳодияҳо, кооперативҳо, корхонаҳои хурд, cехҳо ва дастгоҳҳоро ба қарори мақоме, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорати давлатӣ мебаранд, то вақти бартараф кадани сабабу шароите, ки боиси вайронкунӣ мегарданд, боздоштан, маҳдуд ё манъ кардан мумкин аст.
Бо мақсади мубориза бо садоҳои истеҳсолӣ ва дигар садоҳо бояд аз ҷумла корҳои зайл ба анҷом расонида шаванд:
татбиқи проcессҳои технологии камсадо;
беҳтар намудани конструкcияи воситаҳои нақлиёт ва истифодаи онҳо, инчунин нигоҳубини роҳҳои оҳан ва трамвай, автомобилгард, кeчаҳо, ҷойгиркунонидани аэродрому аэропортҳо, иншооту таҷҳизоти саноатӣ ва дигар иншооту таҷҳизоте, ки манбаи садо мебошад, дар масофаи зарурӣ аз маҳалҳои аҳолинишин ва ноҳияҳои сераҳоли;
беҳтар кардани банақшагирӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин;
тадбирҳои ташкилӣ оид ба пешгирӣ намудан ва кам кардани садоҳои маишӣ;
Шаҳрвандон вазифадоранд, ки талаботи бо мақсади мубориза бо садоҳои маишӣ дар квартираҳо, инчунин ҳавлиҳои хонаҳои истиқоматӣ, дар кeчаҳо, ҷойҳои истироҳат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ муқарраршударо риоя намоянд.
ФАСЛИ IV. МЕХАНИЗМИ ИҚТИСОДИИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 15. Мақсад ва вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи ҳавои атмосфера
Вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи ҳавои атмосфера аз банақшагирӣ ва маблаuгузории тадбирҳо, маҳдуд кардани таъсири зараровари фаъолияти хоҷагӣ ва дигар навъи фаъолият ба вазъи ҳавои атмосфера, муқаррар намудани пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос ба ҳавои атмосфера ва муқаррар намудани имтиёзҳои дахлдор иборат аст.
Моддаи 16. Банақшагирии тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Банақшагирии тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера бояд мувофиқати илман асосноки манфиатҳои иқтисодию экологии ҷамъиятиро таъмин намояд.
Банақшагирии ҷорӣ ва дарозмуддати тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера дар таркиби пешгeии тараққии иқтисодию иҷтимоӣ дар асоси Барномаҳои давлатии экологӣ бо назардошти талаботи қонунҳо оид ба ҳифзи табиат ба амал бароварда мешавад.
Банақшагирии ҳудуди тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз тарафи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ анҷом дода мешаванд.
Лоиҳаи нақшаҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера бояд бо мақоме, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера назорати давлатӣ мебарад, мувофиқа карда шавад.
Моддаи 17. Маблаuгузории барномаҳо ва тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавоӣ атмосфера
Барномаҳо ва тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз ҳисоби маблаuҳои зайл бо пул таъмин карда мешаванд:
буҷетҳои ҷумҳурию маҳаллӣ;
корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои, колективҳои иҷоравӣ, корхонаҳои кооперативӣ, шахсӣ ё муштарак;
кредити бонкҳо;
пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳои шахсони юридикию шаҳрвандон, инчунин дигар манбаъҳо.
Маблаuҳои пулӣ ва захираҳои моддии ба мақсади иҷрои тадбирҳои оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера пешбинишударо барои дигар мақсадҳо истифода бурдан манъ аст.
Моддаи 18. Пардохтҳо барои ифлос кардани ҳавои атмосфера
Пардохтҳо барои ифлос кардани ҳавои атмосфера маблаuҳои зайлро дарбар мегиранд:
пардохт барои партови моддаҳои ифлос ба атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ҳадди ҷоиз партовҳои меъёри муваққатан мувофиқашуда;
пардохт барои партови моддаҳои ифлос ба атмосфера зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда;
пардохт барои партовҳои авариявӣ ба атмосфера.
Моддаи 19. Пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда
Тартиби ҳисоб кардани ҳаҷм ва тадбиқи пардохтро барои ифлос кардани ҳавои атмосфера дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумат муайян мекунад.
Пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос ба атмосфера шакли талофӣ намудани зараре мебошад, ки дар натиҷаи ифлос кардани ҳавои атмосфера расонида шудааст.
Ҳаҷми пардохт барои партовҳои моддаҳои ифлос дар асоси методикаҳое, ки бо дарназардошти шароити маҳаллӣ, таркиб ва хусусиятҳои моддаҳои зараровари партовшаванда аз тарафи мақомоти давлатии махсус ваколатдор тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
Пардохтҳо барои партовҳои ҳадди ақал ба арзиши аслии маҳсулот ( кору хизматҳо) дохил карда мешаванд.
Пардохтҳо барои партови моддаҳои ифлос ба атмосфера истифодабарандагони табиатро аз талофӣ кардани зараре, ки ба муҳити табиии зист расонидаанд, озод намекунад.
Моддаи 20. Пардохт барои партовҳои зиёда аз меъёри моддаҳои зараровар ба атмосфера
Пардохт барои партовҳои зиёда аз меъёри моддаҳои зараровар ба атмосфера, инчунин пардохтҳои садамаҳо ба андозаи дукарата, дар асоси хароҷот барои солимгардонии ҳавои атмосфера, бартараф кардани оқибатҳои партовҳои садамаҳо ва якҷоя, тибқи методикаи мавҷудаи аз тарафи мақомоти давлатии оид ба ҳифзи табиат ва тандурустӣ махсус ваколатдор тасдиқшуда муайян карда мешаванд.
Роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки ба ҳавои атмосфера таъсири зараровар мерасонанд, вазифадоранд риояи меъёрҳои муқарраршудаи партовҳоро таъмин намоянд; барои партовҳои зиёда аз меъёри дар як вақт суратгиранда онҳо шахсан масъул мебошанд.
Партовҳои моддаҳои зарарнок ба атмосфера бе иҷозати мақомоти давлатии махсус ваколатдор партовҳои зиёда аз меъёр буда, пардохт барои онҳо мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 21. Аз эътибор соқит дониста шудааст (бо Қ ҶТ аз 12. 12. 97с №498).
Фасли V. ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 22. Экспертизаи давлатии экологӣ
Экспертизаи давлатии экологӣ ҳатмӣ буда, бояд пеш аз қабули қарорҳои хоҷагӣ, ки татбиқи онҳо метавонанд ба вазъи ҳавои атмосфера таъсири бад расонанд, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат » гузаронида шавад.
Экспертизаи экологӣ дар асоси Низомномаи Экспертизаи давлатии экологӣ гузаронида мешавад.
Фасли VI. ТАЛАБОТ ОИД БА ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА ҲАНГОМИ ПЕШ
БУРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГӢ ВА ДИГАР НАВЪҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Моддаи 23. Риояи талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмасфера ҳангоми ба даст овардани канданиҳои фоиданок, корҳои таркониш, ҷойгиронии терриконҳо, хоктeда ва ахлотдонҳо
Ба даст овардани канданиҳои фоиданок анҷом додани корҳои таркониш, ҷойгиронии хоктeдаю терриконҳо, ва ахлотҳо бояд бо риояи талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ва усулҳои бо мақомоти оид ба ҳифзи табиат мувофиқа кардашуда гузаронида шаванд.
Дар маҳалҳои аҳолинишин ва дар наздики ҳудуди онҳо ҷойгир кардани хоктeдаҳо, террикон ва ахлотдонҳои ҳама гуна шаклҳои партовҳое, ки манбаи ифлос кардани ҳавои атмосфера мебошанд, инчунин сeхтани партовҳои мазкур манъ аст.
Ташкилоту корхонаҳо вазифадоранд, ки кашондани партову дигар моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераро ба корхонаҳои коркард ва ахлотдонҳои махсус таъмин намоянд.
Моддаи 24. Шартҳои ҷойгиронӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаю иншоот ва дигар объектҳое, ки ба вазъи ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд
Маблаuгузорӣ, балоиҳагирӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон, таҷдид, васеъ кардан ва азнавҷиҳозонии техникии корхонаю иншооту дигар объектҳо ва бидуни гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ба истифода додани онҳо манъ аст.
Ҳангоми ҷойгиронӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон, таҷдид, васеъ кардан ва азнавҷиҳозонии техникии корхонаю иншоот ва дигар объектҳо бояд риояи меъёрҳои муқарраршудаи ҳадди ҷоизи таъсири зарарнок ба ҳавои атмосфера ва дигар талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера таъмин карда шавад.
Моддаи 25. Риояи талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера аз ифлосшавии радиоактивӣ
Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо ҳангоми ба даст овардани масолеҳи бинокорӣ, интихоби майдон барои сохтмон ва гeрондани партовҳои радиоактивӣ бояд риояи қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, гeрондани партовҳои радиоактивиро таъмин намоянд, ҳамчунин вазифадоранд бо мақсади риояи меъёрҳои санитарии муқарраршуда ченкунии радиометрӣ гузаронанд.
Моддаи 26. Риояи талабот ҳангоми истифодаи моддаҳои химиявӣ ва муҳофизат аз таъсири биологии назоратнашаванда
Ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон, ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ва ҳамлу нақли моддаҳои химиявию биологӣ (занбуруuҳо, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо, ки ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд), вазифадоранд, ки оид ба пешравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои таъсири зарарнок ба ҳаво тадбирҳо андешанд.
Иҷро накардани талаботи экологии муносибат бо моддаҳои химиявӣ дар натиҷаи таъсири биологии назоратнашаванда, ки ба ифлосшавии муҳити табиӣ, саломатии инсон ва генофонд хатар дорад, боиси бо қарори мақомоти давлатии махсус ваколатдор манъ кардан ё боздоштани чунин навъи фаъолият мегардад.
Моддаи 27. Ҳифзи иқлим ва қабати озонии замин
Ҳифзи иқлим ва қабати озонии замин аз таъсири фаъолияти хоҷагӣ ва дигар навъи фаъолият бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд:
риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлосе, ки ба вазъи иқлим ва қабати озонии замин таъсир мерасонанд;
кам кардани партови моддаҳои зарарноке, ки самараи гармӣ меоранд, танзими истеҳсол ва дар рeзгор истифода бурдани моддаҳои химиявӣ, ки қабати озонро вайрон мекунанд;
татбиқи чораҳои масъулият барои вайрон кардани талаботи мазкур;
иҷро кардани дигар тадбирҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат».
ФАСЛИ VII. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРНОК БА ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 28. Баҳисобгирии давлатии таъсири зарарнок ба атмосфера
Объектҳое, ки ба ҳавои атмосфера таъсири бад мерасонанд, намуду миқдори моддаҳои зарарноки ба атмосфера партофташаванда, ҳамчунин таъсири физикӣ ба он бояд ба ҳисоби давлатӣ гирифта шаванд.
Тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии таъсири зарарнок ба ҳавои атмосфераро Ҳукумат муқаррар менамояд.
Моддаи 29. Назорат ба вазъи ҳавои атмосфера
Ба вазъи ифлосшавии ҳавои атмосфера аз рeи нишондиҳандаҳои химиявӣ, физикӣ ва биологӣ умури давлатии назорат ба сатҳи ифлосшавии муҳити табиӣ, қисмҳои таркибии илмии идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ, ки ташкилоту шаҳрвандони манфиатдорро дар бораи сатҳи ифлосшавии атмосфера бо маълумот ва пешгeиҳо таъмин менамоянд, назорат мебаранд.
Моддаи 30. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти давлатии махсус ваколатдори бо ҳамин қонун муқарраршуда назорати давлатӣ мебаранд.
Ба ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла ба риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлос ба ҳавои атмосфера ва таъсири зарарноки физикӣ ба он мақомоте, ки корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ба ҳавои атмосфера таъсири бад расонанда дар тобеияташон мебошанд, назорати идорӣ мебаранд.
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом дода мешавад.
Роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳавои атмосфера таъсири бад мерасонанд, вазифадоранд, ки назорати риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлосро ба ҳавои атмосфера ва таъсири зарарноки физикӣ ба онро дар ҳар участкаи истеҳсолот таъмин намоянд.
Моддаи 31. Минтақаҳои офатҳои экологӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ
Минтақаҳои офатҳои экологӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Солимгардонии минтақаҳо ва барқарор кардани вазъи экологиро аз ҳисоби маблаuи ташкилоту корхонаҳо, муасисаҳо ва шахсоне, ки бо гуноҳи онҳо харобии экологӣ ё вазъи фавқулоддаи экологӣ рeй додаст инчунин маблаuҳои мақсадноки буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ бо пул таъмин кардан мумкин аст.
ФАСЛИ VIII. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 32. Тартиби ҳалли баҳсҳои оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера
Баҳсҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, инчунин мақомоти давлатии махсус ваколатдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ҳал мекунанд.
Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, ки ба иштироки шаҳрвандон вобаста мебошанд, бояд мувофиқи тартиби додгоҳӣ ҳал карда шаванд.
Баҳсҳои байни ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии давлати дигарро оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера комиссияе, ки дар асосҳои баробар аз ҷумлаи намояндагони салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати дигари манфиатдор таъсис дода мешавад, баррасӣ менамояд.
Дар мавриди ба қарори ягона наомадани комиссия, баҳсҳо оид ба масъалаҳои мазкур бояд мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси асноди ҳуқуқии байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, баррасӣ карда шаванд.
ФАСЛИ IХ. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲО ОИД БА ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Мансабдорон, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки барои вайрон кардани ҳамин Қонун гунаҳкоранд, супориши мақомотеро, ки ба муҳофизати ҳавои атмосфера назорати давлатӣ мебаранд, иҷро намекунанд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида мешаванд.
Ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон онҳоро аз ҷуброни зарари расондашуда озод намекунад.
Моддаи 34. Талофии зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера расонида шудааст
Ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо, шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамчунин шахсони бетабаа вазифадоранд зарареро, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонун дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера расондаанд, дар ҳаҷм ва андозаи муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон талофӣ намоянд.
Мансабдорон ва дигар кормандоне, ки бо гуноҳи онҳо ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо вобаста ба талофии зарар маблаu сарф кардаанд, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба ҷавобгарии моддӣ кашида мешаванд.
Баҳсҳои амволии вобаста ба талофии зарари ба муҳити табиӣ ва саломатии аҳолӣ расондашударо додгоҳ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мекунад.
ФАСЛИ Х. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ
ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 35. Принсипҳои ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ дар соҳаи ҳифзи атмосфера зарурати таъмин намудани шароит мусоидро барои зисти инсон ва тараққӣ додани ҳамкории байналхалқиро ба манфиати наслҳои имрeзаю оянда ба назар гирифта принсипҳои зайлро дастури амал қарор медиҳад:
ҳар кас дар муҳити барои саломатиаш мусоид ҳуқуқи зиндагӣ кардан дорад;
ҳар давлат ҳақ дорад ҳавои атмосфераро ба мақсади тараққиёт ва таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандонаш истифода барад;
офияти экологии як давлат аз ҳисоби дигар давлат ё бидуни ба назар гирифтани манфиати он таъмин шуда наметавонад;
фаъолияти хоҷагие, ки дар қаламрави давлатҳо ба амал бароварда мешавад, набояд ҳам дар қаламрав ва ҳам берун аз қаламрави онҳо ба ҳавои атмосфера зарар расонад;
ҳама гуна шаклҳои фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияте, ки оқибатҳои экологии онҳоро пешгeӣ кардан uайримкон аст, норавост;
назорати давлатӣ ба вазъият ва таuйироти ҳавоии атмосфера бояд дар сатҳи умумӣ, миллӣ ва минтақавӣ, дар асоси меъёру параметрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ ба амал бароварда шавад;
бояд табодули озод ва бемамонияти байналхалқии маълумоти илмию техникӣ оид ба проблемаҳои ҳавои атмосфера ва муҳофизати он аз таъсироти зарарнок таъмин карда шавад;
давлатҳо бояд дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ёрии байниҳамдигариро таъмин намоянд;
ҳамаи баҳсҳои вобаста ба проблемаҳои ҳифзи атмосфера бояд фақат бо роҳи осоишта ҳал карда шаванд.
Моддаи 36. Шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера
Агар дар шартномаҳои байналхалқии оид ба соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расондааст, нисбат ба қонун қоидаҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналхалқӣ татбиқ карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 1 феврали соли 1996
№228
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди тартиби амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №3, мод.54)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» аз рeзи нашр шуданаш амалӣ гардонида шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» нисбати муносибатҳое, ки баъди амалӣ гардонидани Қонун ба миён меоянд, татбиқ мегардад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар бораи ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» мувофиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
-қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» мувофиқ гардонад;
-аз тарафи вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадан ва бекор кардани санадҳои меъёрии онҳоро, ки хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» мебошанд, таъмин намояд.
4. Қонуни РСС Тоҷикистон аз 17 май соли 1982, «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1982, № 11, моддаи 122) ва Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон оиди тартиби амалӣ гардонидани Қонуни РСС Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон 1982, №11, моддаи 123) беэътибор дониста шавад.
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе 1 феврали соли 1996
№ 229