Вазифаҳои асосии шуъба аз татбиқи сиёсати ягонаи назорати давлатии зерин иборат мебошад:
- риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон.
- истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи обҳои зеризаминӣ ва руизаминӣ аз ифлосшавӣ ва сарфшавӣ, инчунин мақсаднок истифода бурдани манбаҳои обӣ.
- риояи қоидаҳои истифодабарии системаҳои хоҷагии об ва обанборҳо, кўлҳо ва дигар маҳзани обҳое, ки ҳамчун обанборҳо истифода мешаванд.
- ҳолати минтақаҳои обгирӣ ва самаранокии кори иншоотҳои обтозакунанда ва канализатсионӣ ичунин риояи ҷиддии тартиб ва шартҳои равон кардани партовҳои обӣ.
- истифодабарии самараноки маблағҳои ҷудошуда, барои сохтмони иншоотҳои ҳифзи обӣ.
- банақшагирӣ, таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо оиди ҳифзи захираҳои об, таъмини риояи меъёри истифодаи об ва партовҳои обӣ ва бо низом кам кардани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаҳои обӣ.
- татбиқи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.
- дуруст ба роҳ мондани ҳисоби оби истифодашуда ва партовҳои обӣ аз тарафи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, инчунин мавҷудият ва ҳолати асбобу таҷҳизотҳо барои ҳисоби истифода ва сарфи партовҳои обӣ, риояи мўҳлатҳои муқарраргардидаи аттестатсияи давлатии ин асбобу таҷҳизотҳо.