Маҳфили илмӣ бахшида ба санаҳои муҳими экологӣ

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаҳои экологӣ, 15 май – Рӯзи байналмилалии иқлим ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бо иштироки намояндаи сарраёсат, устодону донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиат маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет ва мудири кафедра баромад намуда, инчунин дар рафти маҳфил презентатсияи муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар мавзӯи «Ҳифзи гуногуншаклии биологӣ кафили амнияти экологӣ» пешкаши иштирокдорон гардид. Тибқи даъват сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар маҳфили илмии мазкур иштирок карда, дар бораи қабули Рӯзи байналмилалии иқлим ва Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар ин самтҳо, таъсири манфии гармшавии иқлим, пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои об, олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои бо муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вобаста баромад намуд.

Мизи мудаввари ҷамъбастӣ доир ба ҳифзи ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом

  Давоми солҳои 2022 - 2023 дар шаҳри Конибодом, минтақаи болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери хатар қарордоштаи минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» амалӣ гардонида шуд, ки дар доираи татбиқи он намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар дар шаҳри Конибодом, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, шуъбаи маорифи шаҳр, се ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, Патар ва Пӯлотони бо минтақа ҳамсарҳад, Филиали Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ҶумҳурииТоҷикистон дар вилоят ва дар шаҳри Конибодом, намояндаи «Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н.Павловский»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилоят, олимон ва коршиносон корбарӣ намуданд.

Амалиёти фаврӣ дар давраи тухмигузории моҳиҳо

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, ҷамоати деҳоти Маҳрам шаҳри Конибодом нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат сайди ғайриқонунии моҳиро  аз тарафи сокиниҷамоатидеҳоти Куҳандиёр, деҳаи Маҳрам кӯчаи Шарипов № 27 ЮлчиевХайруло ошкор намуданд.  Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки 153 сар 5 намуди моҳиҳо (нуқрамоҳӣ, пешонапаҳм, зағорамоҳӣ, суфмоҳӣ ва муйлабмоҳӣ) ғайрқонунӣ сайд карда шуда, бар хилофи талаботи моддаи 22.2 ва 23 Коидаҳои моҳидории ҳавасмандӣ ва спортӣ дар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8,9-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 11124 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои зарурӣ парванда бо маводҳояш ба прокуратураи вилоят фиристода шуд.

Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят

 Бо мақсади ташвиқу тарғиби муҳити тозаву обод, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар Пайём вобаста ба самти муҳити зист дарҷшуда ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, дар кӯчаҳои марказиву протоколӣ ва шоҳроҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ин иқдом аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аз партов, сарсабзу хуррамгардонии кишвар  сарчашма мегирад.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.