Баргузории аксияи экологӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар шаҳри Истиқлол

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар давоми 3 соли охир Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол бо омӯзгорони фанни экология, биология ва хонандагон ҳамкорӣ менамояд. Боиси қайд аст, ки дар ин давра раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии мазкур таъсис ёфта, як қатор чорабиниҳои гуногуни ба рушди тарбия ва баланд бардоштани донишҳои экологӣ нигаронида, гузаронида шудааст. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва дар арафаи ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ, бо иштироки дастаҳои «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ дар минтақаи атрофи маҳалаи 1-уми шаҳри Истиқлол аксияи экологии «Тозагии маҳал» баргузор гардид.

Баргузории аксияи экологӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ ёфта, дар чорабинӣ муовини якум ва муовини раиси шаҳр, инчунин намояндагони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист, ташкилоти ҷамъиятӣ, омӯзгорон ва беш аз 200 нафар хонандагони 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуданд. Иштирокчиёни аксия бо 200 ададӣ халта ва дастпӯшак таъмин гардида, дар давоми ду соат ин минтақа аз партовҳо тоза карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 5 метри мукааб партовҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол гардид. Пеш аз хотимаи чорабинӣ кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ бо дастаҳои «Нозирони сабз» саволу ҷавоб ба намуди викторина гузаронида, дар интиҳо ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сипосномаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» қадршиносӣ карда шудаанд.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.