Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади роҳандозии назорати давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти фаврӣ дар минтақаҳои соҳили Сирдарёи ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз он ҷумла минтақаи Туқай гузаронида шудааст. Дар рафти амалиёт бо зиёда аз 20 нафар моҳидорони ҳаваскор, ки сокинони ҷамоати деҳоти Деҳмой, Гулхона, Ғўлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия мебошанд, корҳои фаҳмондидаҳӣ ва ташвиқотӣ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид. Ҳангоми амалиёти фаврии мазкур як қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати сокини ҷамоати деҳоти Гулхона Ҳурсанбоев Алиҷон протокол бо моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд. Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин амалиётҳои фаврии назоратӣ гузаронида мешаванд.
Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ
Add comment