Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.
Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳофизати заминҳои обию ботлоқӣ 9-уми марти соли 2001 шомил шудааст. Баъд аз ҳамроҳ гаштани Тоҷикистон ба Конвенсияи Ромсар аз ҷониби муттахассисони соҳа панҷ номгӯи мавзеъҳои обию ботлоқии ҷумҳурӣ, ки аҳамияти байналмиллалӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст: Кӯли Қароқӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Зоркӯл ва обанбори Қайроққум мебошанд. Ба ҷуз аз мавзеъҳои дар боло номбаршуда, дар ҳудуди кишварамон дигар мавзеъҳои обию ботлоқӣ мавҷуданд, ба монанди мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», кӯли Яшилкул, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳое, ки аҳамияти байналмиллалӣ доранд ва онҳоро низ метавон дар рӯйхати Конвенсияи Ромсар ворид кард. Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамаи мавзеъҳои обию ботлоқии дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, дар тобеияти заминҳои муассисаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир шудаанд. Ин нуқта мутахассисон ва кормандони Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро водор мекунад, ки барои ҳифзу нигаҳдории ин заминҳо масъулияти дучанд ҳис намоянд. Масоҳати ин мавзеъ вобаста ба оби обанбор дар ҳудуди 3-5 ҳазор гектар буда, қисми асосии заминҳо бо сабаби баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ танҳо барои кишти зироати шолӣ истифода карда мешаванд. Ҳангоми паст рафтани сатҳи оби обанбор дохили он заминҳои масоҳаташ тақрибан 800-1200 га аз об холӣ мемонад ва солҳои охир истифодаи онҳо бо мақсади шоликорӣ маъмул гаштааст. Чунин муносибат боиси тағийрёбии сифати мавзеъҳои обию ботлоқӣ мегардад. Бо мақсади паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ дар ин мавзеъ кофтани заҳбурҳо, маҳдуд кардани оббозӣ, шинонидани дарахтони талаботашон ба об зиёд ва чорабиниҳои дигар низ боиси аз байн рафтани чунин мавзеъҳои барои рушди устувори сайёраи замин муҳим шуда метавонад.