Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 14 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ва оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаригашта доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият»,«Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақикатӣ», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», «Нилуфар», «Саломат бошед», «Кайҳон», «Меҳри замин»,«Пайк», «Озод», «Набзи диёр», Оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Озодӣ», «Сугднюс»,«Спутник», «Фараж», телевизионҳои ШТР «Азия», СМ -1, ТВ Суғд, 7 Ситора дар маҷмӯъ 33 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар соли 2021 дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба ҳолати партовгоҳҳои радиофаъол ва ба меъёр мутобиқ будани онҳо, дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», таъсири фермаҳои хукпарварӣ ба муҳити зист ва чораҳои андешидашуда нисбати онҳо, сабабу омилҳои хушкшавии дарахтони магнолия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Add comment