Яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҳам ин ид - баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар бораи муҳимияти манбаъҳои обӣ, зарурати истифодаи сарфакоронаи он, инчунин раҳнамун сохтани ҷомеа ва ҳар фарди дурандеш ҷиҳати андешидани чораҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарор намудани захираҳои об мебошад. Бо ин мақсад ҳар сол Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла семинар, вохӯрӣ, аксияҳои экологӣ бо ҷалби хусусан ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор менамоянд. Ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ буд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маркази ноҳия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об семинар – вохўрӣ бо иштироки хонандагон ва омўзгорон баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур дар бораи бори аввал ҷашн гирифтани ин ид, шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба масъалаҳои об, ба яке аз сарватҳои бебаҳои табиат маҳсуб ёфтани об, аз кӯҳҳои сарбаафлоки кишвар ҳосил шудани қисми зиёди обҳои равони Осиёи Марказӣ, манбаи бузурги обҳои зулол будани пиряхҳои бешумори куҳсорони кишвар, мавзӯи асосии имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки ба «Обҳои зеризаминӣ» бахшида шудааст, ҳамчунин дигар масъалаҳои вобаста ба дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ баромаду маълумот пешкаши иштирокдорон гардид. Боиси қайд аст, ки дар интиҳо аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимӣ оид ба то иди байналмилалии Наврўз гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» дар доираи нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 тасмим гирифта шуд.