Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём дар оғози фасли зебои сол ба шинонидани дарахту ниҳолҳо, бунёди боғҳо шурӯъ менамуданд. Хушбахтона пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст».
Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем». Бигузор Наврӯзи имсола барои шумоён наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад, ба хонаву кошонаи ҳар яки мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад!