«Рӯзи Замин – ин рӯзи ҷавобгарии мо дар назди сайёра, аҳли башар, ки дар он маскунанд, назди худи табиат, ки худ ҷузъи он мебошем» (С.Капитса)
Соли 2009 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки ҳамасола санаи 22 апрел чун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда шавад. Ҳадаф аз чунин иқдом – ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар ин қарордоди таъсиси Рӯзи байналмилалии Модар – Замин таъкид шудааст, ки Замин хонаи умумии мо буда, барои ноил гаштан ба мувозинаи одилона миёни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ва наслҳои минбаъда баҳри муназзамии табиати сайёра чораҳо андешидан зарур аст. Бори нахуст соли 1970 бо ин ният гурӯҳи ҷавонони Донишгоҳи Гарварди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоиш барпо намуданд. Ин гурӯҳро сиёсатмадори маъруф Гейлорд Нелсон дастгирӣ мекард. Ташаббуси мазкурро дар тамоми гӯшаю канори сайёра миллионҳо нафар ҳамовозӣ намуданд. Зери таъсири ин ҳаракат як қатор қонунҳои ба ҳифзи муҳити зист равонагардида қабул карда шуданд.
Феълан ин санаро дар 180 давлати дунё беш аз 500 миллион мардум қайд менамоянд. Албатта, масъалаҳои доғи экологӣ - аз қабили то рафт гарм шудани иқлим, сӯрох шудани қабати озон, об шудани пирьяхҳо, баланд рафтани сатҳи оби уқёнусҳо, эрозияи хок, ихроҷи ғализи дуди корхонаҳои саноатӣ, бодлесӣ, ифлос шудани муҳити зист бо маводҳои кимиёвӣ ва садҳо муаммоҳои дигар, худ аз худ пешорӯи мо наомадаанд. Ҳамаи ин натиҷаи дахолати инсон ба равандҳои табиӣ мебошанд. Олимони табиатшинос собит намудаанд, ки дар натиҷаи сӯхтани маводҳои табиӣ ва фаъолияти кишоварзии одамон об шудани пиряхҳои қутбӣ бо суръат идома дорад. Дар кишвари мо Тоҷикистони офтобӣ низ бахшида ба Рӯзи Замин чорабиниҳои мухталиф баргузор менамоянд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ин назорати давлатии риояи қонунҳои ҷорӣ ҷиҳати ҳифзи захираҳои замин, ҳолати мелиоративии он мебошад. Дар ин рӯз баргузор кардани ҳама гуна чорабиниҳои назариявию амалӣ, ба монанди ташкил кардани семинару мизҳои мудаввар, аксияҳои муҳитзистӣ, аз ҷумла тоза кардани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои синтетикӣ аз заминҳои кишт ва ғайраҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро 93% куҳсор ташкил медиҳад. Дар сурати самаранок ва оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин мо меҳру мухаббати худро нисбат ба Замин - Модар нишон медиҳем. Пас биёед ҳамагон Заминро ҳифз ва ба он арҷ гузорем!