Аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баҳри таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мунтазам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи 3-юм ҳангоми ғайриқонунӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум ба микдори 1,5м3 ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раҳмонбердиев Махкам тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, ҷарима ва зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод карда шуд.
Add comment