15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд. Ба газҳои парникӣ ва гулхонаӣ – СО (оксиди карбон), СО2 (диоксиди карбон), СН 4 (метан), N2O (диоксиди азот), CF4 (перифторидхои карбон), SO2 (диоксиди сулфур) дохил мешаванд. Буриши дарахтону ҷангалзорҳо барои дарёфти ҳезум, майдонҳои бе дарахтро васеъ намуда сабаби зиёдшавии газҳои гуногуни парникӣ, хусусан гази СО2 мегардад, ки ба муҳити зист зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази СО2 дар атмосфера 31% баланд гаштааст. Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.Иқлими кишвари мо - Тоҷикистонро асосан гарму хушк, континенталии шадид бо зимистону кӯтоҳи мулоим ва тобистони тӯлонӣ муаррифӣ кардаанд.  Иқлими вилояти Суғд низ континенталӣ буда ҳарорати миёнаи моҳи январ (дар водӣ) - 1°С, моҳи июл + 28°С, дар баландии 1000 м бошад мутобиқан – 4°С ва +26°С ташкил медиҳад. Боришот 150 – 400 мм дар як солро ташкил медиҳад. Азбаски вилояти Суғд дар қисми тангнои водии Фарғона ҷойгир шудааст, ин ҷо ҳамеша иваз шудани ҳаво бо вазидани шамолҳо, махсусан дар резишгоҳи дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ба назар мерасад.

Боришоти солона дар пастиҳо 100-200 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 300-400 мм мебошад. Зимистон ҳарорати миёнаи муътадил  +0,5-2°C, дар ҳудудии кӯҳсор то -6-10°C, дар давраи тобистон ҳарорат то +25+30°C боло меравад. Дар қисмати ҳамворӣ ва наздикӣ нисбатан ҳарорати паст дар қиёс бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷиҳати боришот ҳудуди вилоят назар ба ноҳияи атроф тафриқа дорад. Тафриқа дар арзҳои уфуқӣ дар қаторкӯҳ махсусан бо зиёд шудани баландии қаторкӯҳи Туркистон ва қаторкӯҳи Қурама (аз 5-8 то 13-17 мм ба ҳар 100 м баландӣ) меафзояд. Ин ҳолат дар арзҳои табиӣ махсусан эҳсос карда мешавад. Тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми соҳибдили оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии боду ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, офатҳои табиӣ ин ҳама аз нишонаҳои тағйирёбии иқлим ҳаст. Тағйирёбии иқлим феълан ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал шудааст. Муҳофизати иқлими Замин аз ҳар кадоми мо вобастагӣ дорад. Агар ҳар кадоме саҳми андаки худро дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сарфаи нерӯи барқ ва ҳатто кам истифода бурдани нақлиёти шахсӣ гузоранд, ин ҳама дар маҷмуъ бетаъсир намемонад. Новобаста аз он, ки Тоҷикистон дар самти таъмини рушди «энергияи сабз» ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф маҳсуб меёбад, аз лиҳози устуворӣ ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ ва таъминоти оби полезию ошомиданӣ бисёр осебпазир аст. Бо дарки ин нукта, Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муносибати ҷиддӣ намуда, ҳамкориро дар ин раванд бо ниҳодҳои байналмилалии молиявию экологӣ пайваста тақвият дода истодааст. Олимони соҳа ҷиҳати ҳалли проблемаҳои экосистемаи кӯҳӣ ва соҳаи кишоварзӣ фаъолияти мунтазамро роҳандозӣ намудаанд. Шурӯъ аз соли 2011 дар ҷумҳурӣ бо дастгирии техникии БРСММ ва маблағгузории Бонки осиёии рушд дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барномаи паст кардани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим амалӣ гардида, тӯли 10 сол зиёда аз 100,0 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шудааст. Тоҷикистон аъзои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти мутобиқшавии ба тағйирёбии иқлим мебошад. Аз ҷумла, Тавофуқномаи Париж доир ба иқлим, ки санаи 12-уми декабри соли 2015 дар сессияи Конференсияи 21-уми тарафдорони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо иштироки сарони давлатҳо қабул гардид, аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро баҳри мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар конференсияи Париж баён намуда, қайд карданд, ки соҳаҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат зикр намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар давоми 30 соли охир аз 14000 пирях нобуд шудани 1000 пирях аз ин шаҳодат медиҳад. Ин падида ҳамасола ба афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ боис гардида, ба иқтисодиёти мамлакат хисорот меоварад.  Бо назардошти яке аз ҳадафҳои рушди устувори ҷаҳонӣ дониста шудани масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, дар ҷумҳурӣ санадҳои зарурии танзимкунанда дар ин самт қабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳавои атмосфера», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарфаи энергия», «Дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ» дар вилоят самаранок татбиқ гардида истодаанд. Айни ҳол, Кодекси экологии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст. Татбиқ намудани чорабиниҳои зикршуда дар вилоят имконият медиҳанд, ки то соли 2025 таъсири манфии офатҳои табиӣ ба соҳаҳои иқтисоди вилоят коҳиш ёфта, тавассути тавсеа ёфтани рушди “энергияи сабз” ва густариши “иқтисоди сабз” рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии вилоят таъмин карда шавад.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.