Санаи 15 июни соли ҷорӣ маъракаи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 30 03.2022, №38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» аз 1 апрел то 15 июни соли равон манъ гардида буд, ба итмом расид. Аз тарафи ситод ва кормандони масъули Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ҳамчунин зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои қарори Раиси Кумита ва фармоиши сардори сарраёсат аз 01.04.2022, №22 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» дар ин муҳлат як қатор тадбирҳо андешида шудаст. Баҳри амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои якҷоя оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанборҳои вилоят, корҳои ташкилию амалӣ роҳандозӣ гардида, ҳамагӣ 256 маротиба амалиёти гуногуни назоратӣ гузаронида шудаст. Дар натиҷа 250 адад санади азназаргузаронӣ ва нисбати ҳолатҳои қўруқшиканӣ 63 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, инчунин 9 адад мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидаст. Ҳамагӣ маблағи зарари пешниҳодгардида 14464 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин 12 адад хулосаи ихтиологӣ оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ дода шудааст.
Ба муассисаю ташкилот, идораҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии пухтупази моҳӣ, ҳамагӣ 31 адад амрнома дода шуда, барои корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба аҳолӣ 27 маротиба вохўрӣ баргузор гардидаст. Бо мақсади иттилоотонидани аҳолӣ бо воситаи садо ва симо 8 маротиба баромадҳо ташкил ва пешкаши тамошобинон гардиданд. Дар ин давра аз шаҳрвандоне, ки ба қўруқшиканӣ роҳ доданд 6 адад заврақи резинӣ мусодира гардида, ҳамзамон 362 адад тўрҳои моҳидорӣ бо тариқи сўзонидан несту нобут карда шуданд. Дар самти мазкур назорати давлатӣ ҷиҳати истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тибқи нақшаи корӣ мунтазам амалӣ карда мешавад.