Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тадбирҳои амалиро андешида истодааст. Мутобиқи талаботи банди нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба њифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд барои хонандагон ва омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Б.Ғафуров экскурсияи иттилоотии сайёр дар Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик»-и Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур барои минбаъд муайян намудани нақшаи ҳамкорӣ ва такон бахшидани раванди иҷрои Барнома дар соҳаи маориф бахшида шуда, дар рафти он иштирокдорон бо ҳудуди ҷазира, парвариши мурғи даштии тазарв, мурғобӣ ва моҳӣ, маълумот дар бораи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайёҳии экологӣ шинос гардиданд.
Ҳамчунин, тибқи барномаи чорабинӣ баромадҳои эко – фаъолони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ноҳияи Б.Ғафуров ва гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд дар мавзўи «Хатари экологӣ» пешкаши иштирокдорон гардида, дар навбати худ аз тарафи намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» машғулиятҳо дар мавзўҳои гуногуни экологӣ бо хонандагон гузаронида шуд.