Санаи 27 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» байни кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни баромад сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад нақши матбуот ва воситаҳои ахбори оммаро дар замони муосир қайд намуда, саҳми назарраси онҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ арзёбӣ намуд. Сипас ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Синамо» Каримов О. ва “7 Ситора” Раҷабова Ӯ., номинатсияи «Бахши маводи матбуот» - корманди рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” Ваҳҳобова М. ва аълочии матбуоти Тоҷикистон - Юсупов М. ва номинатсияи «Бахши радио» муҳаррири радиои вилояти Суғд Абдуллозода Н. ифтихорнома ва мукофотҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ҷамъбасти озмуни «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма
Add comment