Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад пас аз суханони табрикӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ беназир арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.
Сипас Исматҷонов Б. - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва дурнамои рушди он дар замони Истиқлоли давлатӣ баромад намуд. Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Б. барои ҳамкориҳои доимӣ ва пурсамар дар гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бо кормандони мақомот ва ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 - уми Шӯрои Олӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.