Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуда истодааст. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҷамоати Куҳандиёр бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони соҳаи маориф ва хонандагон ҳамагӣ 250 нафар аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Соҳили дарёи Сир аз тарафи иштирокчиёни аксия аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 6 м3 партов бароварда шуд. Ҷараёни аксия тариқи телевизиони маҳаллӣ наворбардорӣ карда шуд.
Add comment