Бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят чорабиниҳои гуногунро якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам мегузаронад, ки онҳо дар дарки маърифати нав дар соҳаи ҳифзи муҳити зист саҳми арзанда гузошта, минбаъд ба ҳалли муаммоҳои экологӣ мусоидат менамоянд. Боиси қайд аст, ки баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ яке аз равандҳои асосӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар самти мазкур бисёр корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Оғоз аз санаи 30 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон лагери зимистонаи экологӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар лагери экологии мазкур донишҷўён, ҷавонон, журналистони ҷавон, фаъолони экологӣ, блогерон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ аз вилоятҳои Суғду Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ҳамагӣ 21 нафар иштирок доштанд. Дар давоми се рўз ба иштирокдорони лагер коршиносону мутахассисони сарраёсат, устодони Донишгоҳҳои олӣ, намояндагони ВАО, дигар нафарони бо журналистика ва омодасозии лоиҳаю наворҳои иҷтимоӣ вобаста дар мавзўҳои гуногун маълумот пешниҳод намудан.
Дар рўзи чорум, 7 даста аз ҳисоби иштирокчиён лоиҳаҳои хурди омодагардидаро ба аъзоёни ҳакамон пешниҳод намуданд. Дар интиҳои лагери экологӣ ба ҳамаи иштирокдорон сертификат супорида шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинии болозикр дар доираи Лоиҳаи «Паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор» ва бо дастгирии Сафорати Иёолоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.