Санаи 3 январи соли 2023 дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С., муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо З. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастур дод. Дар навбати худ аз тарафи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. оид ба беҳтар намудани фаъолият дар самти ситонидани маблағҳои ҷарима ва зарар, таҳлили фаъолияти нозирӣ, назорати ҳолати партовгоҳҳои ғайрирасмӣ, иҷроиши босифати барномаҳои соҳавӣ ва давлатӣ супоришҳо дода шуд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Add comment