Дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Суғд аз 10.02.2023, № 54-9/16 тф, бо мақсади тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ҷомии деҳаи Зарафшон н.Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» доир гардид. Дар он командони бахши ҳифзи муҳити зист, намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ 580 нафар иштирок доштанд. Давоми аксия 1200 м ҷӯйборҳо, 650 м каналҳо ва 500 м роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки собиқадорон ва сокинон дар ҳудуди шаҳраки Зарафшони ҷамоати деҳоти Ҷомӣ зиёда аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пешбинӣ гардидааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод
Add comment