Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяҳо» дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо (дар бахши телевизион, радио ва рӯзнома) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд.
Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълу-мотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электро-нии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ирсол карда мешавад. Давраи баргузории озмун то 15 августи соли 2023 муқаррар шуда, дар арафаи иди Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо ва дипломҳои мақомоти ҳифзи ҳифзи муҳити зист сарфароз мегарданд.
Телефон барои тамос: 4-39-27
Дастраст намудани низомномаи ВАО