Тибқи нақшаи пешбинигардида ва бо мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилоят аз 26.05.2021, № 274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.11.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳия санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар ноҳия маводи ҷойдоштаи сохторҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва камбудиҳои ҷойдошта низ қайд гардид. Дар бораи натиҷаи гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.
Назорати татбиқи Барномаи давлатии соҳавӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Add comment