Фестивали дўстдорони табиат дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва пайвастани ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони «Патрули сабз»-и 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом «Фестивали дўстдорони табиат» барпо гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ макетҳо, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо мушкилоти марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст.    Қобили зикр аст, ки дар шаш мактаби ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Фирӯзоба ва Патари шаҳриКонибодом соли 2022 корҳои мақсадноки иттилоотӣ - маърифатӣ оғоз гардида буд, ки дар натиҷа гурӯҳҳои «Нозирони сабз» таъсис ёфта, курси пурраи фанҳои таълимии иловагии экологӣ ба итмом расонида шуд.

  Ин дарсҳои интихобӣ аз ҷониби омӯзгорон гузаронида, дар навбати худ бо ҷалби коршиносони экологӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист бо истифодаи «Дастур оид ба таълими иловагии экологӣ» барои омӯзгорон, ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд таҳия шуда буд, аз курсҳои махсуси такмили ихтисос гузаштанд. Дар маҷмўъ, 6 дастаҳои «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии шаҳриКонибодом аз рўи 3 шарт - «Сохтани макет», «Расмҳо» ва «Ҳунари дастӣ» қувваозмоӣ намуда, дар ҳар як номинатсия се ҷойи аввал қадршиносӣ карда шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки чорабинӣ дар доираи Лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалҳои тӯқай ва намудҳои зери хатари минтақаи болооби обанбори Баҳри Тоҷик» баргузор гардида, дар таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва татбиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани дониши экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ саҳми арзанда дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.