Давоми соли равон мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҳамкориро бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» идома дода истодаанд. Дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодомҷаласаи гурӯҳикорӣ оид ба ташаккули «Нақшаирушди ҷангалзори тӯқайи минтақаиобиюботлоқии болооби обанбори «БаҳриТоҷик» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ғайр аз намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти ҷамъиятӣ, коршинос – эколог, намояндагониҶамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр, ҷамоати деҳот ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Боиси қайд аст, ки баргузории ҷаласаи мазкур ба муҳокимаи натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида дар давоми як соли амалӣ гардидани лоиҳа ва муайян кардани нақшаи фаъолият то охири соли 2023 бахшида шуд. Тибқи барномаи ҷаласаи гурӯҳикорӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат, кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва директори Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр ба иштирокдорон дар бораи ҳолати корбарӣ ҷиҳати муайян ва қабул намудани мақоми «минтақаи махсус муҳофизатшаванда» барои ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом, аз он ҷумла номгузории он,рафти амалигардонии лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалҳоитӯқайванавъҳоизерихатари минтақаиболообиобанбори Баҳри Тоҷик»,кор бо хонандагони мактабҳои шаҳр дар самти баланд бардоштани донишиэкологӣ, натиҷаҳои гузаронидани тадқиқот оид ба «Таҳлили арзиши умумии иқтисодии функсияҳои экосистемавии минтақаи обию ботлоқӣ»,шиносоӣ бо ҳолати ҷангалзори тӯқай ва минтақаи мазкур, мушкилоти мавҷудбуда ва роҳҳои ҳалли онҳо баромаду презентатсияҳо пешниҳод гардид.
Дар интиҳо таклифупешниҳодҳо доир ба назорат ва рушди минтақа бо назардошти ҳифзи гуногунии биологӣ вабоигариҳоитабиӣ шунида шуд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят барои амалӣ намудани фаъолияти минбаъда оид ба беҳбудии вазъи иҷтимоию экологии минтақа ва ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамкории судмандро бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам идома медиҳад.