Ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ин Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба ҳисоб рафта, дар соли равон тибқи нақшаи пешбинигардидаи ҳамкорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаст. Кормандони сарраёсат якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аксияи экологӣ гузарониданд, ки дар рафти чорабинӣ тоза намудани боғи истироҳатии шаҳр аз партовҳои гуногун бо гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ, аз он ҷумла 1 адад дар обутобгоҳи марказии соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ва гузаронидани викторина бо ҷавонон амалӣ гардид.Боиси қайд аст, ки дар интихоби ҷойи баргузорӣ ва ташкили иштирокдорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон саҳм гузошта, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо намояндагони телевизиони вилояти Суғд низ фаъолона ширкат варзиданд.Баргузории чунин аксияи экологӣ моҳи минбаъда дар дигар минтақаи ноҳияи вилоят идома меёбад.
Аксияи экологӣ бо иштироки ҷавонони шаҳри Гулистон
Add comment