Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ имконияти хубест. Таҳти сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза, поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити атроф, дарёфти роҳҳои ҳалли норасоии об дар сайёра талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, марбут ба обу иқлим эътироф шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» якдилона қабул гардид. Дар ин соли таърихӣ иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шоистаи тазаккур аст.
Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи ҳифзи муҳити зист рушду нумӯъ ёфта, дар вусъати бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар ва омодагӣ ба ҷашнҳои давлатии миллӣ саҳми арзанда дорад. Ин ҳама пешравию ободкориҳо самараи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд. Ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист тамоми ҳамкасбон, дӯстдорони табиатро табрику муборакбод гуфта, ба шумоён сиҳатмандиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти меҳнатӣ барори кору муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани маҳбубамон орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!