Дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон санаи 6 июли ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Раёсати корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш., сардори Сарраёсат Ғуфронзода А.Ғ., сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Дар навбати худ сардори Раёсати корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш. оид ба беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию давлатӣ ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Add comment