Тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи масоили муҳими замон буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии таъсири манфии оқибатҳои он бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бароибеҳбудии ҳолати экологӣ ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавононоидба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории судманди бисёрсола дошта, дар соли равон низ якҷоя чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар идомаи чорабиниҳое, ки рў ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон нигаронида шудааст, дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзўи «Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор» баргузор гардид.
Дар рафти мизи мудаввар дар бораи роҳҳои беҳтар гардонидани ҳамкорӣ байни ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳо – ҳамкорӣ байни муассисаю ташкилот, васоити ахбори омма, кор бо аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, ташкили мониторинг ва паҳн кардани иттилооти экологӣ сӯхбату муҳокима рўи кор омада, тибқи барнома барои иштирокчиён намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ташкилоти ҷамъиятӣ ва коршинос - эколог баромад намуданд. Таклифу пешниҳодҳое, ки дар натиҷаи ин мизи мудаввар ҷамъ карда шуд, ҳангоми тарҳрезии давраи минбаъдаи лоиҳа ба назар гирифта мешаванд. Аз соли 2021 баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», ҳамчун шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкорӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ як қатор чорабиниҳо, аз қабилимизимудаввар, тренингва вохўрию сӯҳбатҳо дар доираи лоиҳа бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардиданд. Мақсадиасосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳидонишимардум, инчунинмусоидатба ҳамкориибоз ҳамбештари ҷонибҳобароиандешиданичораҳооид бапешгириитаъсиротиманфиитағйирёбиииқлимваифлосшавиимуҳитиатрофмебошад. То охири соли 2023 баргузории боз як қатор чунин чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст, ки мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят бо ташкилоти ҷамъиятии мазкур ҳамкориро идома медиҳанд.