Давоми соли таҳсили 2022-2023 дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» таъсис дода шуд. Ба он хонандагони фаъоле, ки ба муҳити зист ва мушкилоти он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд шомил гардиданд. Дар давоми соли хониши сипаригашта хонандагон доир ба экология дониши иловагӣ гирифта, дар аксияҳои экологии ҷамъоварии партовҳои пластик ва коғаз иштирок карданд ва ҳамчунин мунтазам шанбегиҳо ташкил намуданд. Ғайр аз ин, як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла «Эко-викторина» - КВН, фестивали «Дӯстдорони табиат» ва дигар баргузор гардид, ки дар онҳо дастаҳои «Нозирони сабз»-и ин 6 мактаб ширкат варзида, барои ишғоли ҷои аввал мубориза бурданд. Бо фарорасии фасли тобистон ва анҷоми соли таҳсилӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» (YGPE) лагери 10-уми экологии «Хонаи сабзи мо - 2023» дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон ташкил карда шуд, ки ба он аз 80 дархост тариқи озмун 26 нафар иштирокчиён интихоб гардидаанд.
Инчунин, бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз 4 нафар аъзоёни нави «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд соҳиби чипта ба эколагери мазкур гардиданд, ки ба онҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ин тӯҳфа бо пешниҳоди Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуда буд. Дар маҷмуъ, 30 нафар хонандагон, фаъолони ҳаракати «Нозирони сабз» аз санаи 31 июл то 4 августи соли 2023, давоми панҷ рўз ба дастаҳо тақсим шуда, якҷоя корбарӣ намуданд. Аз рӯзи аввал иштирокдорони лагер бо чорабиниҳои омӯзишӣ машғул гардида, дар бораи роҳбарӣ ва ташаккули роҳбарӣ, ташкили чорабиниҳои экологӣ, асосҳои журналистикаи экологӣ ва эҷоди видео, огоҳӣ аз масъалаҳои экологӣ тавассути видео, ки дар байни ҳамсолони худ хеле маъмул аст маълумот гирифтанд. Ҳамзамон, маълумоти ба бастоварда дар қисми амалӣ анҷом дода шуд. Дар баробари ин, маъракаи тозакунии соҳили обанбори Баҳри Тоҷикро бо шиорҳои омодагардида гузаронида, якҷоя ва мустақилона барои мактабҳои худ нақшаи чорабиниҳои экологиро барои соли таҳсили 2023-2024 тартиб доданд. Боиси қайд аст, ки дар ифтитоҳ ва интиҳои лагери экологӣ намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, мушовири лоиҳаи САҲА дар шаҳри Бишкек, роҳбари Дафтари СММ дар вилояти Суғд, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», директори Маркази обу ҳавосанҷӣ дар вилоят, Маркази амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд, коршинос – эколог, намояндагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ» ва дигар ташкилот иштирок намуданд. Дар рўзи охирон ҳамаи иштирокчиёни лагер, аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» соҳиби «Сертификат»-и аз ҷониби сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба имзо расида гардиданд. Эко-лагери «Хонаи сабзи мо - 2023» дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳифзи захираҳои об тавассути ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба об ва пешбурди ҳалли инноватсионӣ оид ба масъалаҳои оқилонаи истифодаи об дар водии Фарғона», ки бо дастгирии Лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист татбиқ мегардад, баргузор гардида, як ангезаи қавӣ барои рушди ояндаи устувор ва сабзи экологҳои ҷавон мешавад.