Муҳассилини “Имдоди Ғайрат” 12 адад қуттиҳои хурди партовро дар маҳаллаҳои шаҳр насб карданд. Хонандагони барномаи “Дастмузди хурди дастрасӣ”-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ “Имдоди Ғайрат”) дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ ширкат варзида, барои лоиҳаи худ - «Хонандагони “Аксес” - зидди партов!» гранти хурдеро ба даст оварда, ҳиссаи худро дар тозагии муҳити зисти шаҳр гузоштанд. Хонандагон дар доираи ин лоиҳа дар се микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд 18, 28, 31 ва 32 беш аз 12 адад қуттиҳои хурди партовро насб карданд. Ин қуттиҳо асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар назди литсейи ДДҲБСТ, филиали "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", мағозаи "Сафия", даромадгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №22 ба номи Ҷ.Расулов, дар паҳлӯи мағозаи «Комил», назди МТМУ№10 ва №8 ҷойгир карда шуданд. Масъулин изҳор доштанд, ки маҳаллаҳои номбурда тасодуфан интихоб нашуда, худи иштирокчиёни лоиҳа дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд ё дар ин маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд ва шоҳиди он мешаванд, ки на ҳамаи мактаббачагон, роҳгузарон, харидорони мағозаҳо ва сокинон дар ҳифзи муҳити зист масъулияти баланд эҳсос мекунанд.
Муҳассилини барномаи “Дастмузди хурди дастрасӣ”-и ш. Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ “Имдоди Ғайрат”) тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ баҳри ҳифзи муҳити зист ва тозагии шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ободонию кабудизоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҷидду ҷаҳд менамоянд.